logo

иқтисод

КӮЛОБ. РОҲАНДОЗИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръат ва мусоидат ба рушди содирот бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ – омили асосии истеҳсоли маҳсулоти босифат ва бехатар» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб, раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, маркази санитарию эпидимиологӣ, соҳибкорон - истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ аз шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг иштирок намуданд. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд.
Сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии агентӣ Суҳроб Ашӯрзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки мақсади семинар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулот ва беҳтар намудани сифати он мебошад. Риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои тавлидотӣ яке аз омилҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти босифат,  бехатар  ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин, соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулият дар ҷараёни истеҳсолот талаботи қонунҳои дахлдор ва регламентҳои техникиро риоя намуда, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар гаштани сифат ва рақобатпазирии молу маҳсулот саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар ҷараёни семинар мутахассисони «Тоҷикстандарт» мазмуну муҳтавои қонунҳои соҳаи танзими техникӣ ва регламентҳои техникӣ, аз ҷумла «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии борҷома», «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва сабзавот»-ро ба соҳибкорон шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамзамон, ба соҳибкорон оид ба афзалиятҳои ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳодоти муфид ироа гардид.
Агентии «Тоҷикстандарт» иқдом гирифтааст, ки дар ҳошияи саноатикунонии босуръати кишвар дар тамоми манотиқи мамлакат чунин мулоқоту семинарҳои омӯзиширо ба роҳ монад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2019    №: 52    Мутолиа карданд: 250

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед