logo

фарҳанг

НОРАК. ОМОДАГӢ БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак мувофиқи нақшаи чорабиниҳо сохтмони 165 иншооти таъйиноташон гуногунро, ки ба болоравии сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳр, зиндагии аҳолӣ ва ба ин васила таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи корӣ равона гардидаанд, таҳрезӣ намудааст. Айни ҳол сохтмони ин иншоот бомаром идома дорад. То Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  10 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Меҳнаткашони шаҳри Норак барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ - 2019 омодагии ҳамаҷониба гирифта, ба корҳои ободонию созандагӣ ва сабзкорӣ вусъати тоза мебахшанд. То Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иншооти рамзҳои давлатӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғати сокинону меҳмонон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони шаҳр як гулгашти замонавӣ бунёд гардида, бо ниҳолҳои сояафкан, ороишӣ, гулу гулбуттаҳо ва роҳравҳои он бо сафолакҳои ороишию бетонӣ зинат меёбанд. Дар кӯчаи Рӯдакӣ бо иқдоми соҳибкор Абдулло Садриддинов сохтмони бинои истиқоматии 7 – ошёна дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин, дар кӯчаи Рӯдакӣ сохтмони майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон дар масоҳати 1 ҳазору 800 метр дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ин майдончаи варзиш аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ализода Раҷабалӣ сохта мешавад. Сохтмони бинои истиқоматии панҷошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ҳам бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Ҳақназаров ба итмом расида истодааст.
Корхонаҳои саноатӣ дар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ заминаи боэътимод гузошта, сол ба сол фаъолияти худро беҳтар намуда истодаанд. ҶСП «Корхонаи таҷрибавии механикӣ» қолабҳои бетонгирии нақбҳо, қолабҳои росткунҷа ва аркои бетонӣ барои деворҳои нақбҳо, электроди кафшергарӣ, кислород, симтӯрҳои деворбандӣ ва байни болопӯшҳои бом, симхор, хокаи бетонӣ, шишаи моеъ, хишти пухта ва маҳсулоти дигари фармоишӣ истеҳсол мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки корхонаи таҷрибавии механикии шаҳри Норак дар сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» низ бо истеҳсоли қуму шағал, муму қир барои корҳои зеризаминӣ ва кашондани бор саҳми арзандаи худро гузоштааст.
  Масъулони ҶСП «Корхонаи таҷрибавии механикии шаҳри Норак» тасмим гирифтаанд, ки корхонаи хурди истеҳсоли резин барои варзишгоҳҳо ва сафолакҳои резинии ороишӣ бунёд намоянд. Айни ҳол сохтмони ин корхонаи хурди истеҳсолӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар он таҷҳизоти замонавӣ васлу насб карда мешаванд. Корхона метавонад баъди ба фаъолият шурӯъ намудан, 20 коргари маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Айни ҳол  дар корхонаи таҷрибавии механикӣ 750 нафар  ба кор ҷалб ва бо шароити хуби корӣ таъмин гардидаанд. Ёдрас месозем, ки соли 2013 Пешвои муаззами миллат зимни сафари кории хеш ба шаҳр аз ин  корхона дидан карда,  ба масъулини он дастур  доданд, ки теъдоди ҷойҳои кориро зиёд намоянд.
Ба истифода додани иншооти гуногун дар Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳр  бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сол аз сол  корҳои созандагию ободонӣ дар диёрамон ҳамаҷониба вусъат ёфта, ба ин васила сатҳу сифати зиндагии мардум  беҳтару хубтар  мегардад. 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2019    №: 52    Мутолиа карданд: 139

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед