logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ШИНОСОӢ БО РАФТИ КИШТИ БАҲОРӢ

Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини Сарвазири кишвар ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар якчанд навоҳии вилоят бо ҷараёни киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ, сифату ҳаҷми захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва корҳои дигари деҳқонӣ шинос шуда, ба кишоварзон барои аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ босифат гузарондани кишт машварату дастурҳо доданд.

Мувофиқи дурнамо, имсол кишоварзони вилоят бояд дар майдони 122 ҳазор гектар чигит кишт намоянд. Бо гарм шудани обу ҳаво кишти интихобии пунбадона қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят оғоз гардид. Тибқи иттилои сарраёсати кишоварзии вилоят, имсол барои таъмин намудани хоҷагиҳои пахтакор 11 ҳазору 700 тонна чигити тухмии хушсифат захира шудааст. Пахтакорон имсол бештар аз навъҳои тухмии “Хатлон – 2014”, "Флеш", “Тоҷикистон”, “Ориён”, “Хуҷанд – 62” ва навъҳои хориҷие, ки  серҳосил ва минтақабоб мебошанд, истифода бурданианд. То имрӯз аллакай дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар чигит кишт шудааст.
Кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар рӯёндани ҳосили баланди пахта номдоранд, имсол дар майдони зиёда аз 9000 гектар чигит кишт намуданианд. Деҳқонони кооперативи истеҳсолии тиҷоратии зотпарварию тухмипарварии ба номи Сафар Ҷумъаев, ки дар ноҳия яке аз хоҷагиҳои калонтарин маҳсуб меёбад, мувофиқи дурнамо, имсол дар майдони 1 ҳазору 600 гектар чигит кишт мекунанд. Хоҷагии мазкур соли дуюм аст, ки бо ширкати “Ҷунтай – Хатлон” ҳамкорӣ дошта, имсол ба тариқи таҷрибавӣ дар майдони 1 ҳазору 300 гектар кишти зери плёнкаро ба роҳ монданд. Онҳо бештар аз чигити тухмии навъи “Дӯстӣ - 1” истифода бурданианд, зеро ин навъи тухмӣ серҳосил ва ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошад. Дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов низ бо дуои неки пирон кишт оғоз гардид. Имсол онҳо дар майдони 1000 гектар пунбадона мекоранд.
Зимни боздид Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Қурбон Ҳакимзода ба хоҷагидорон барои кишти хушсифати зери плёнка дастур доданд, ки алафҳои бегонаро аз заминҳо пурра тоза намуда, намнокии заминро нигоҳ доранд. Дар хоҷагии мазкур аллакай 50 дарсади кишти зери плёнка бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Парвариш ва нашъунамои ниҳолҳо дар ин навъи кишт ба тариқи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад, зеро ин усули кор хеле камхарҷ ва манфиатовар мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон, онҳо интизории онро доранд, ки аз ҳар  гектар  на камтар аз 40 - сентнерӣ ҳосил ба даст биёранд.
Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун имсол дар майдони 8 ҳазору 500 гектар тухми пахта кишт мекунанд. Айни ҳол кишт дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия оғоз шудааст. «Водии заррин» дар ноҳия яке аз хоҷагиҳои калонтарин маҳсуб ёфта, дар тӯли фаъолияти хеш заминҳои зиёди бекорхобидаи мавзеи Қарадумро ба гардиши кишоварзӣ ворид намудааст. Ҳоло хоҷагӣ дорои 12 ҳазору 967 гектар замин мебошад. Деҳқонони хоҷагӣ имсол дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ дар майдони 3 ҳазору 200 гектар кишти зери плёнка мегузаронанд. Техникаю мошинолоти кишоварзии хоҷагӣ дар ҳолати хуби корӣ аст. То имрӯз дар майдони 1 ҳазору 200 гектар кишти зери плёнка гузаронда шудааст ва дар баъзе қитъаҳо аллакай чигит неш задааст.
Муовини Сарвазир ва раиси вилояти Хатлон ба деҳқонон барои гирифтани ҳосили хуби пахта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид бар он доштанд, ки дар рафти кишт бештар аз тухмиҳои хушсифат истифода баранд ва ба қоидаҳои агротехникӣ риоя намоянд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2019    №: 53    Мутолиа карданд: 211

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед