logo

туризм

ИСФАРА. МИНТАҚАИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ

Исфараи бостонӣ аз он мавзеъҳои хушманзараи кишвар аст, ки бо табиати зебову кӯҳҳои осмонбӯси рангоранг, меваҳои шаҳдбору мардуми меҳмоннавоз ва ёдгориҳои нодираш дер боз қалбҳоро тасхир кардааст.
Ба гуфтаи мудири бахши сайёҳии шаҳр Мушарраф Эгамзод, дар Исфара сайёҳии  таърихию фарҳангӣ, солимгардониву табобатӣ, пиёдагардиву экологӣ ривоҷ ёфта, агротуризму велотуризм, мототуризму сайёҳии саноатӣ дар ҳоли рушданд.
Мавҷудияти беш аз 150 ёдгории бостонӣ барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ёдгории нодири асримиёнагии (асрҳои IX - XI) Ҳазрати Шоҳро муҳаққиқон аз ҷиҳати ороишу гулпартоӣ беназир меҳисобанд. Ба наздикӣ як гурӯҳ намояндагони Маркази байналмилалии нигаҳдошт ва консерватсияи дафтари минтақавии ЮНЕСКО таҳти роҳбарии профессори донишгоҳи Синхуаи Чин Лю Чоу аз ин мавзеъ дидан карда, аз муҳташамии он ба ҳайрат омаданд. Умед аст, ки ба наздикӣ ин мероси гаронарзиши ниёгон ба феҳристи ин созмони бонуфуз шомил гардад.
Манзараҳои дилкашу пайроҳаҳои кӯҳии зебои деҳоти Чоркӯҳ, Сурх, Ворух барои рушди сайёҳии пиёдагардию кӯҳсор мувофиқанд. Масалан, бино ба гуфтаи муҳаққиқон, дар кӯҳҳои Сари Сот 300 ҳазор сол пеш яхбандии бузург ба амал омада, аз он пиряхҳо боқӣ мондаанд, ки басе диққатҷалбкунандаанд.
Дар баробари ин, Исфара бо ҳавои софу обҳои шифобахш беҳтарин макон барои сайёҳии муолиҷавист. Осоишгоҳи “Зумрад”,  ки аз замони шӯравӣ шуҳрат дорад, айни ҳол бо усулҳои нав табобати намудҳои гуногуни бемориро ба роҳ монда, макони асосии туризми табобатӣ ба шумор меравад. Дар он бо истифода аз лойқаи шифобахш, муми кӯҳӣ, нафти нафталанӣ, кашиши зериобии сутунмуҳра ва молиши зериобӣ, дастгоҳҳои физиотерапевтӣ, сӯзаншифоӣ, маҳсшифоӣ,  гиёҳшифоӣ бемориҳои гуногун, аз қабили касалиҳои дилу рагҳои хунгард, узвҳои такяву ҳаракат, ҳозима, роҳҳои нафас, системаи асаб, таносули занона,  табобат мешаванд. Истироҳатгоҳ дар як вақт имкони қабули 350 сайёҳро дошта, то соли 2021 бо бунёди 3 иншооти дигар метавонад 1000 нафарро ба истироҳату табобат фаро гирад.
Шоистаи зикр аст, ки шаҳр барои пазироии сайёҳон дорои шароити зарурӣ буда, роҳбарият ҷиҳати боз ҳам беҳбуд бахшидани инфрасохтор чораҳои мушаххас меандешанд. Боғҳои фарҳангию фароғатӣ, 8 меҳмонхона, истироҳатгоҳи “Шаҳноза” ба хизмати сайёҳон омодаанд ва дар шаҳраку деҳот сохтмони нуқтаҳои хизматрасонӣ ва таъмиру навсозии роҳҳо бомаром идома доранд. Барои таъмини хизматрасонии босифат дар деҳаҳо ҳомстейҳо ташкил шудаанд. Инчунин, бо назардошти он ки велотуризму мототуризм дар ҳоли рушданд, дар деҳоти Шаҳрак базаи сайёҳӣ сохта мешавад.
Айни замон имкониятҳои сайёҳии шаҳр ба воситаи таблоҳои электронӣ, ки дар маҳаллаҳо насб шудаанд, муаррифӣ гардида, барои онҳое, ки бо мақсади туризми аграрию саноатӣ сафар менамоянд, сайри боғҳои зардолу ва корхонаҳои коркарду бандубасти меваи хушк ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Исфара наздики 40 хатсайр амал менамояд ва сайёҳон имкон доранд, ки аз мавзеъҳои таърихии Ҳазрати Шоҳ, Лангари Моҳиён, Тангии Сурх, Чорсанг, Қалъаи Сурх, Мадрасаи Абдуллохони Навгилем, осоишгоҳи “Зумрад” ва дигар объектҳои туристӣ боздид намоянд.
- Соли гузашта захираҳои сайёҳии шаҳр ба таври зарурӣ муаррифӣ шуданд, - гуфт Мушарраф Эгамзод. – Баргузории конференсияи “Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ”, форуму намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва фестивали минтақавии “Марҳабо ба Суғди бостон” дар ин самт қадамҳои устувор маҳсуб меёбанд. Дар доираи ин чорабиниҳо миёни ширкатҳои сайёҳии “Ҷавоҳир тур”,  “Куҳандиз”, “Панҷакент интур”, “Бозори Вору”, “Нодир тур”, “Ориён эдвентур”, “Скай тур”, “Ассотсиатсияи ёрирасони рушди сайёҳӣ” ва “Сайри Мунк”-и кишвар ва ширкатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Ӯзбекистон 21 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои рушди сайёҳии байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, харитаи ҷойгиршавии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тартиб дода шуда, дар мавзеъҳои туристӣ ишораҳои сарироҳӣ гузоштаанд.
Натиҷаи ҳамин тадбирҳост, ки соли 2018 шаҳрро беш аз 30 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ тамошо кард. Аксари сайёҳони хориҷӣ шаҳрвандони Федератсияи Россия,  Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Австрия, Шведсия ва Арабистони Саудианд.
Ҷои шубҳа нест, ин шаҳри ободу озода бо истифода аз имконияти фарохи  туристие, ки дорад, метавонад ба яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафтаи на танҳо кишвар, балки минтақа табдил ёбад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2019    №: 54    Мутолиа карданд: 138

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед