logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 18

15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18  - ро, ки аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз  25 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад, ки дар ду баст бо назардошти синфхонаҳои фаннӣ 1560 хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Барои гузарондани дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ, химия, физика ва биология синфхонаҳои алоҳида бо аёниятҳои муосири таълимӣ ва озмоишгоҳҳо таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати омӯзондани касбу ҳунар ба хонандагон, дар бинои нав ду синфхонаи таълими меҳнат барои духтарону писарон ташкил гардидааст, ки бо шароити зарурӣ ва дастгоҳу таҷҳизот таъмин мебошад. Дар ин ҷо ҷавонон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибос ва тарзи омодасозии ҳар гуна таомро меомӯзанд.
Барои обутоби ҷисмонии хонандагон дар бинои нави таълимӣ толори махсуси варзиши сабук бунёд ва бо дастгоҳҳои варзишӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҳамчунин, дар дохили   иншооти мазкур як китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва як анбори муосир барои нигоҳ доштани китоб сохта шудаанд. Синфхонаи информатика бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин буда, ба хати баландшиддати интернет пайваст мебошад. Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд гузарондани дарсҳо синфхонаҳои таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Ба хотири инкишофи зеҳнии хонандагон, бинои нав дорои синфхонаи алоҳида барои омӯзиш ва гузарондани мусобиқаҳои шоҳмот буда, бо дастгоҳ ва аёниятҳо таъмин гардидааст. Дар ин иншоот синфхонаҳои алоҳида барои рассомӣ, мусиқӣ ва ҳуҷраи ҳамшираи шафқат бунёд ёфтаанд. Барои омӯзгорон хонаҳои алоҳидаи корӣ ташкил гардида, роҳраву синфхонаҳо бо шабакаи мутамарказондашудаи гармидиҳӣ пайваст мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз ёфта, дар зарфи камтар аз як сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва таълимӣ ба анҷом расонда шуд. Дар доираи корҳои ободонӣ роҳрав ва гирду атрофи муассиса бо дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам гардонда шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки бинои куҳнаи муассиса барои 780 нафар пешбинӣ гардида, то имрӯз дар он 1624 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешуд. Сохтмони иншооти мазкур, ки дар доираи дастуру ҳидоят ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифт, ин мушкилии хонандагону омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд.
Аснои шиносоӣ ва суҳбат бо аҳли мактаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки чунин имконоту шароити муосирро самаранок истифода бурда, барои аз худ кардани дониш ва омӯхтани илмҳои замона ҳамаҷониба саъю кӯшиш намоянд.  
Пас аз ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ бо шароити он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маорифи пойтахт сухан ронда, фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ба ҳозирон табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки солҳои минбаъда низ, дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе  сохтмону баистифодадиҳии таълимгоҳҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар аст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Иброз гардид, ки  ҳоло сохтмони 21 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 40 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе босуръат идома дошта, ба ин васила, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ба воя расондани насли солимфикру навовар ба ҳозирон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2019    №: 54    Мутолиа карданд: 311
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед