logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи экспертизаи экологӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод. 150; с. 2005, № 12, мод. 638; с. 2007, № 7, мод. 690; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1002) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун қисмҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Дар моддаи 7:
- банди 13) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«13) дигар намуди ҳуҷҷатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд.»;
- ба модда қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, мавриди экспертизаи ҳатмии экологӣ қарор намегиранд. Экспертизаи экологии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии чунин иншоот ва намудҳои фаъолият метавонад ба таври ихтиёрӣ гузаронида шавад.».
3. Сархати чоруми моддаи 10 хориҷ карда шавад.
4. Ба моддаи 12 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-аз ҷониби экспертҳо риоя шудани тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи экологиро назорат ва таъмин менамояд.».
5. Ба моддаи 20 қисмҳои чорум, панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«4. Асосҳо ва тартиби беэътибор донистани хулосаи қаблӣ бо тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешаванд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз ҳолатҳои дар ҳамин модда пешбинишуда метавонад нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва намудҳои фаъолияте, ки барои онҳо арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад ва иншоотҳое, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби экологии такрорӣ ё иловагӣ таъин кунад.
6. Экспертизаи экологии такрорӣ ва иловагии дар ҳамин модда пешбинишуда мутобиқи тартиби барои гузаронидани экспертизаи экологии ҳатми муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаронда мешавад.».
6. Дар қисми чоруми моддаи 21 калимаҳои «қисми дуюм, банди 1 қисми чорум, бандҳои 1,2,4 қисми панҷум» мутаносибан ба калимаҳои «қисми 2, сархати якуми қисми 4, сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 5» иваз карда шаванд.
7. Аз қисми чоруми моддаи 23 калимаҳои «хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ», хориҷ карда шаванд.
8. Сархатҳои сеюм ва чоруми моддаи 24 хориҷ карда шаванд.
9. Сархати дуюми моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро мутобиқи сметаи хароҷоте, ки аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи экспертизаи экологӣ муайян карда мешавад, маблағгузорӣ намоянд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 12 январи соли 2010, № 589

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи экспертизаи экологӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии  Тоҷикистон         С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 декабри соли 2009, № 1497

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру  иловаҳо  ба  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  экспертизаи  экологӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани  тағйиру  иловаҳо  ба  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  экспертизаи  экологӣ» баррасӣ  намуда,  қ а р о р  м е к у н а д:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 7 январи соли 2010, № 726


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 706

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед