logo

иқтисод

САНОАТ ВА РУШДИ ИҚТИСОД

Ҳукумати кишвар барои татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, барномаҳои зиёдеро  рӯи даст гирифтааст. Хабарнигори рӯзнома дар остонаи Рӯзи иқтисодчиён роҷеъ ба ин мавзӯъ бо вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Заробиддин Файзуллозода суҳбат кард. Фишурдаи онро манзури хонандагони муҳтарами рӯзнома менамоем:
- Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ҷиҳати таҳия намудани ҳуҷҷати дахлдори стратегӣ ва нақшаи чорабиниҳо рӯйхати гурӯҳи кории салоҳиятнок оид ба таҳлили ҳаматарафаи соҳаи саноат (аз ҷумла стратегия, консепсия ва барномаҳо) ва аъзои гурӯҳҳои кориро дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ омода намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Гузашта аз ин, ҳоло, дар соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ якчанд барнома, аз ҷумла «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020», амалӣ гардида истодаанд.
Мақсад аз пешниҳоди барномаҳои мазкур бунёди корхонаҳо, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави кор, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда, содиротӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад. Ғайр аз ин, барномаҳои мазкур ба ҳалли вазифаҳои иҷтимоии давлат ва таъмини амнияти миллӣ мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузоранд. Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар шумораи корхонаҳои саноатӣ пайваста афзуда, фаъолияти истеҳсолӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор ба роҳ монда шудааст.
Алҳол саноатчиён мекӯшанд, ки ҳаҷми истеҳсоли молҳои содиротӣ ва воридотивазкунандаро зиёд, ҳамзамон, корхонаҳои нави саноатӣ бунёд намоянд. Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар 23 миллиарду 872,4 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба соли пешӣ 11,8 дарсад (наздики 3 миллиард сомонӣ) боло рафт. Дар ду моҳи аввали соли равон бошад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 миллиарду 749,2 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 дарсад зиёд аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди ашёи хом дар соҳаҳои саноати маъдан, масолеҳи сохтмон, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, пилла, мошинсозӣ ва ангишт мебошад. Дар мавриди самараноку мақсаднок - бо истифода аз технологияҳои нав баҳрабардорӣ намудан аз онҳо солҳои наздик ҷумҳурӣ метавонад аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба як кишвари саноатӣ - аграрӣ мубаддал гардад.
Дар Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ имкониятҳо зиёданд. Аз ин лиҳоз, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадафҳо ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани мораторийи 2 - сола ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушди соҳаи саноат ва таъсири бевоситаи он ба бахшҳои дигари иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид мегузорад. Ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ имкон дод, ки давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин карда шавад, ки ин дар миқёси ҷаҳонӣ нишондиҳандаи назаррас аст.
Ҳоло дар назди мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳамчунин, тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ вазифаҳои умда қарор доранд. Бовар аст, ки тадбирҳои роҳандозишуда ба саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамоянд ва Тоҷикистон ба кишвари рушдёфтаи индустриалӣ мубаддал мегардад.
Шаҳбоз АБРОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2019    №: 67    Мутолиа карданд: 532
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед