logo

туризм

ВОКУНИШ. КУМИТА БА "ҶУМҲУРИЯТ" ҶАВОБ ДОД

Матлаби “Аз сайёҳии зимистона самаранок истифода намебарем, чаро ?”, ки 11 декабри соли 2018 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба табъ расид,  дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки тайи солҳои ахир  баҳри рушду равнақи тамоми намудҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла зимистонӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар заминаи захираҳои табиӣ ва иқлими нотакрор инкишоф меёбад. Тоҷикистон кишвари қӯҳистонӣ буда, баландии он аз сатҳи баҳр дар нуқтаи пасттарин 300 м ва дар нуқтаи баландтарин 7495 метрро ташкил медиҳад. Ҳолати мазкур барои рушди намудҳои зимистонаи варзиш (якчанд намуди лижаронӣ, шухпаймоӣ, куҳнавардӣ) ва сайёҳӣ имконияти беҳтарин фароҳам меоварад.
Бо назардошти ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар муддати кӯтоҳ Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва он аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ иборат аст. Дар маҷмаа инфрасохтори иловагӣ, аз қабили айвони кушодаи барбекю, мағозаҳои хӯроквориву фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра, сохта шудаанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби кумита ҳамасола ролики таблиғотӣ-иттилоотӣ вобаста ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии зимистона таҳия шуда, дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври васеъ тарғиб мегардад. Инчунин, кумита дар шаҳру ноҳияҳо ва объектҳои дигаре, ки ба рушди сайёҳии зимистона созгор мебошанд, бо ҷалби коршиносони соҳа, семинару омӯзишҳоро доир карда истодааст.
Барои мо рӯшан аст, ки ҷиҳати инкишофи сайёҳии зимистона дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ инфрасохтори он минтақа нақши муҳим дорад ва барои ҷалби сайёҳон ва рушди ин навъи сайёҳӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаем, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба бор меоварад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар солҳои пеш танҳо дар фасли тобистон сайёҳон зиёд ташриф меоварданд, имрӯз дар натиҷаи таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонии соҳавӣ дар ҳамаи фаслҳо, аз ҷумла зимистону баҳор, гардиши сайёҳон дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳамин аст, ки имсол танҳо дар тантанаҳои наврӯзӣ, ки ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ гардидааст, ба Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2019    №: 67    Мутолиа карданд: 410
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед