logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»»

Моддаи 1. Ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 7 апрели соли 1995 «Дар бораи ветеранҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 7- 8, мод. 67; с. 1996, № 3, мод. 48, фасли XIX; с. 1998, № 22, мод. 295; с. 2004, № 2, мод. 41; с. 2007, № 7, мод. 657) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 27:
- дар банди «а» калимаҳои «зербандҳои 3, 4, 5-ум ва 11-уми» ба калимаҳои «зербандҳои 2), 3), 4) -ум ва 10)-уми иваз карда шаванд;
-дар банди «б» калимаҳои «зербандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 11-уми» ба калимаҳои «зербандҳои 1), 2), 3), 4)-ум ва 10-уми» иваз карда шаванд;
- дар банди «в» калимаҳои «зербандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 7,  8, 9 ва 11-уми» ба калимаҳои «зербандҳои 1), 2), 3), 4), 6), 7), 8) ва 10)-уми» иваз карда шаванд.
2. Матни моддаи 32 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор кардан дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои  ИҶШС мукофотонида шудаанд, бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии дар моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии дар моддаҳои 25, 26  ва банди 2 моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд.».
3. Дар қисми якуми моддаи 34 калимаҳои «зербандҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 10-уми» ба калимаҳои «зербандҳои 2), 3), 4), 5), 6), 7), 9) –уми» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 35 калимаҳои «зербандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 10-уми» ба калимаҳои «зербандҳои  1), 2), 3), 4), 5), 6), 9)-уми» ва калимаҳои «бандҳои 1, 2, 4» ба калимаҳои «бандҳои 1), 2), 3)»  иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 36 калимаҳои  «зербандҳои 1, 2, 6, 10-уми» ба калимаҳои «зербандҳои 1), 2), 5), 9)-уми» ва калимаҳои «банди 4» ба калимаҳои «банди 3» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 12 январи соли 2010, № 594

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба  Қонуни  Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» қабул карда шавад.

Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  С.  ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2009, № 1516

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 7 январи соли 2010, № 731


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 935

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед