logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. МАЪЮБОН БА ШУҒЛ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

Дар  ноҳияи Лахш ба занону духтарони дорои имконияти маҳдуд, ки  қобилияти ҳунармандӣ доранд,  таҷҳизоти корӣ тақдим карда шуд.
Тибқи иттилои бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия,  ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  расондани кумак ба занону духтарони имконияташон маҳдуд, ятимону бепарасторон ва  қишри ниёзманди ҷомеа аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пеш гирифта шудааст. 150 зани дорои имконияти маҳдуд  бо таҷҳизоту лавозимоти корӣ таъмин гардиданд. Минбаъд  ин иқдоми хайр идома меёбад.
- Мо  талош мекунем, ки дар ин минтақаи дурдасти кишвар 376 нафар занону духтарони имконияташон маҳдудро ба шуғл фаро бигирем, то ба кори  ҳунармандӣ боз ҳам ҳавасманд шаванд. Аз ин рӯ, ба ҳамаи онҳо дар ин самт пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кумаки ҳамаҷониба расонда мешавад.  Аллакай баъзе аз онҳо аз  ҳисоби фаъолияти ҳунармандӣ  фоида ба даст меоранд, ки аз ин роҳ баланд бардоштани рӯҳияи ин қишри ҷомеаи кишвар натиҷаовар аст, - гуфт Фарида  Абдуҷалилова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия.
Тибқи иттилои шуъбаи таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар назар аст, ки минбаъд дар ҳар деҳа барои таъмини афроди ниёзманду маъюб бо ҷойи кори  доимӣ  коргоҳҳои хурди дӯзандагию бофандагӣ  таъсис дода шаванд. Вобаста ба ин, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот таҳияи нақшаи чорабиниҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ  вусъат гирифтааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2019    №: 68    Мутолиа карданд: 161

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед