logo

фарҳанг

САИДРИЗО АЛИЗОДА, “ШУЪЛАИ ИНҚИЛОБ” ВА РУШДИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСӢ

Муҳимтарин кори таърихии Саидризо Ализода таъсиси шуъбаи тоҷикӣ ҳанӯз дар ҳукумати Туркистон маҳсуб меёбад. Баъдан, худи ин шахсият мудири шуъбаи тоҷикӣ шуд ва дар ин замина расо сад сол пеш, 10 апрели соли 1919, маҷаллаи тоҷикии «Шуълаи инқилоб» - ро таъсис дод. Бо нашри он манфиатҳои халқи тоҷик ҳимоя ва соҳибӣ мешуданд.
Фаъолияти эҷодии номбурда гуногунҷанба аст: муаллифи нахустин алифбо ва грамматикаи забони тоҷикӣ, аввалин тарҷумони русӣ ба тоҷикӣ, нависандаи пуркор ва рӯзноманигори бомаҳорат буд.
Ӯ дар шумораи нахустини “Шуълаи инқилоб” мақсаду мароми маҷалларо чунин баён доштааст: “Мо қалам меронем барои озодӣ ва осоиши ранҷбарон, мо сухан мегӯем барои беҳбудӣ ва хайрияти ҳоли ситамкашон, мо ҳарф мезанем ҷиҳати ба даст омадани ҳуқуқи поймолшудаи мазлумон. Маслаки мо ҳақ ва мо фидои ҳақ ҳастем”.  Барои амалӣ намудани ин ормонҳо, қабл аз ҳама, насли ҷадиди дорои ҷаҳонбинии нав зарур буд ва ба ақидаи Саидризо Ализода танҳо “инқилоб давоест, ки куҳнаро нав, харобро обод, инқилоб чораест, ки пирро ҷавон ва мурдаро зинда мекунад”. Ӯ ба сифати шахси пешқадами ҷомеа, зиёии асил дар саҳифаҳои “Шуълаи инқилоб” ғояҳои озодиро месутуд, зиндагии навро тарғиб, саводнок шудани мардум ва ҳимояи онҳоро барои ҳуқуқу озодӣ тараннум ва манфиатҳои миллии тоҷиконро пуштибонӣ менамуд.
Саидризо Ализода дар матбуоти даврӣ бо имзоҳои мустаори  “Нештар, Чарандгӯй, Мулло Ҷубул, Занбӯр, Муртад” ва ғайра ҳикояву мақолаҳои ҳаҷвӣ ба табъ расондааст ва ҳамчун зиёии замони худ хоҳони бунёди ҷомеаи боадолат ва мактабҳои усули нав буд. Зеро ӯ “бо ризояти падараш дар мактаби усули наве, ки Абулқосим Ганҷавӣ таъсис карда буд, 14 сол ёрдамчии муаллим кор кардааст ва яке аз русидонҳои замони худ буд”. Таҳсил ва фаъолият дар мактаби усули нав  чашми ӯро кушод.
Тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва ҳам силсилаи осори бадеии адабиёти ҷаҳон, ки Саидризо Ализода анҷом додааст, дар мактабҳо истифода шудаву беҳтарин китобҳои рӯйимизии хонандагони тоҷик ҳисоб мешуданд. Ӯ солҳои 1935 - 1938 панҷ асари  калони назму насри А.С. Пушкинро тарҷума намудааст.
Ҳамчунин, яке аз тартибдиҳандагон ва дар айни ҳол, аввалин муҳаррири “Луғати русӣ - тоҷикӣ” ба шумор меравад, ки соли 1933 аз чоп баромада буд. “Нағз дар хотир дорам, - навишта буд Абдусалом Деҳотӣ, яке аз тартибдиҳандагони он луғат Саидризо Ализода, - муаллифи аввалин “Сарфу  наҳв” - и тоҷикӣ ва аввалин тарҷумони чандин китобҳои фаннӣ  ба забони тоҷикӣ кӯча ба кӯча, дар  ба дар гашта, ба аҳли касб - деҳқонон, боғдорон, оҳангарон, қассобон ва ғайра муроҷиат карда, ислоҳот ва таъбирҳои халқиро ҷамъ мекард”.
Хизмати Саидризо Ализода дар соҳаи забоншиносии тоҷик низ беназир аст. Номбурда муаллифи аввалин алифбои тоҷикӣ бо номи “Китоби нахустин” (1920) мебошад. Нахустин китоби дарсии “Сарфу наҳви тоҷикӣ” низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки соли 1926 ба табъ расид. Ин китоб барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Ба фикри мо, маҳз тадрис дар мактаби усули нав, забондонӣ, воқиф будан аз сарфу наҳв ва дигар қонуниятҳои забони тоҷикӣ ва муқоисаи онҳо бо забонҳои дигар ба муҳаққиқ имкон дод, ки аввалин грамматикаи забони тоҷикиро таълиф намояд.
Хулоса баровардан мумкин аст, ки Саидризо Ализода чун поягузори маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” барои ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик, тарғиби забони тоҷикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бозтоби масоили худшиносии миллӣ ва инъикоси масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия саҳми муносиб гузоштааст. Дар ҷодаи тарҷума низ мактаби хосеро падид овард, ки баъдан ташаккул ёфт.
Ӯро яке аз поягузорони мактабҳои усули нав номидан мумкин аст. Аввалин граматикаи забони тоҷикӣ, усули таълимро нав кард, пояи тадриси мактабҳои тоҷикиро дар асоси расмулхати ниёгон ва забони миллӣ устувор намуд, заминаро барои таълифи китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ фароҳам овард ва дар рушди илми забоншиносии тоҷик низ заминаи боэътимод гузошт.
Саидмуроди ХОҶАЗОД,  доктори илмҳои филология, профессор,
Одилҷон АЛИЕВ, номзади илмҳои филология, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2019    №: 68    Мутолиа карданд: 225

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед