Хабарҳо
"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд
Шоҳасари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки бо фарогирии саргузашти пуршуҷоату рӯзгори пурғановати миллат дар эҳёи намунаҳои зиёди тамаддуни тоҷикон саҳми беназир дорад, китоби рӯйимизии ҳар тоҷику тоҷикшинос аст.
Боиси хурсандист, ки баъди чандин даҳсолаҳо аз нашрҳои русиву тоҷикии «Тоҷикон» бори аввал шоҳасар аз ҷониби омӯзгор, рӯзноманигор ва тарҷумон Ҳасан Бердиқулов ба забони ӯзбекӣ тарҷума гардид.
Китоби «Тожиклар»-и Б. Ғафуров дар тарҷумаи Ҳ. Бердиқулов дар ду ҷилд, 1523 саҳифа ва наздик ба 300 акси таърихӣ ба чоп расид. Ба таъкиди мутарҷим «тарҷумаи асар ба забони ӯзбекӣ, аслан, такя ба нусхаи русии асар сурат гирифта, аз ҷониби аҳли зиёи кишвар, бахусус олимони маъруфи ҷумҳурӣ, хуб пазируфта шудааст».
Тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров ба забони ӯзбекӣ гувоҳи боз шудани сафҳаи нави таърихӣ дар муносибатҳои дӯстонаи ду миллати ҳамҷавор ва баёнгари таҳкими бештари пайванди таърихии онҳо мебошад.
Талабшоҳ ИКРОМОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 524