logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ СИНО. РӮ БА ОБОДӢ

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои пойтахт дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо ва ташкили комиссияи корӣ бо роҳбарии Азим Иброҳим, муовини Сарвазир, корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфтаанд.
Тавре Сафар Олимов, муовини аввали раиси ноҳия, дар ин бора ба хабарнигори "Ҷумҳурият” гуфт, барои таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла сохтмон ва азнавсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ ва 150 партовгоҳ, ба нақша гирифта шудааст.
Дар ободонӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия саҳми соҳибкорон ва нафарони саховатпеша хеле зиёд аст. Ҳоло аз ҷониби соҳибкорон чанд иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони иншооти дигар идома дорад. 15 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе соҳибкор Маҳмудҷон Муродов, директори ҶДММ “Сарманзил”, иқдом пеш гирифт, ки аз ҳисоби даромади софи корхона мактаб - интернати рақами 1 - ро барои кӯдакони ятиму бепарастор пурра аз таъмири асосӣ мебарорад. Иншооти мазкур 28 декабри соли сипаришуда аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 27 декабри соли гузашта дар доираи иқдомҳои созандаи раиси шаҳр ва омодагиҳо ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд. Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшоӣ озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшидании КВД “Обу корези шаҳри Душанбе” таъсис ёфт.
Бо ҳидояти Сарвари давлат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази татбиқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 84 ва 99 дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
- Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Сино сохтмони 23 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона ҷараён дорад, - гуфт С. Олимов.
Шаҳбоз АБРОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 138

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед