logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

- Аз падар ба ман мероси бузурге расидааст, - мегӯяд Мирзо Эшов. - Дар ҳавлии мо падарам як хонаи алоҳида сохта буд, ки дар давродаври чор девори он рафҳои китоб то сақф мерасиданд. Дар мобайни хона як миз ва як курсӣ гузошта шуда буд.
Падари бузургворам тамоми умр муаллими мактаби деҳаи Бештемир буда, вақтҳои холии худро дар ҳамон хона бо мутолиаи китоб мегузаронд. Хусусан, рӯзҳои истироҳат ва таътили тобистона падарам аз он берун намебаромад.
Вақте ки ман синфи чорумро бо муваффақият хатм намуда, ба синфи панҷум гузаштам, рӯзе маро ба наздаш даъват кард ва калиди китобхонаи худро ба дастам дод. То ин вақт ӯ «Мактаби куҳна», «Ятим», «Субҳи ҷавонии мо» ва дигар китобҳоро барои хондан ба ман медоду мазмуни онҳоро мепурсид. 
- Писарам, сарвати аз ҳама гаронбаҳои ман ҳамин китобҳоянд, - ба тарафи китобхона ишора кард. - Китобхонаро ба ту ҳамчун ҳадяи пурқимат месупорам.
Мирзо ин панду насиҳати падарро ба ҷисму ҷони худ пазируфта, онро ба қутбнамои роҳи ҳаёташ табдил дод. Ӯ ба ҳамин минвол мактаби миёнаро бо номаи камоли аъло хатм кард. Факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро низ бо дипломи аъло ба анҷом расонд. Мирзоро ба аспирантура даъват намуданд. Вале ӯ мисли падар муаллими мактаби деҳа буданро афзалтар донист. Ният дошт, ки чароғи китобхонаи падар ҳамеша фурӯзон бошад.
Мирзо Эшов дар мактаби миёнаи ба номи А.С.Пушкин, ки падараш дар он таълимгоҳ хондаву кор карда буд, ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохт. Муддате чанд дар вазифаи муовини мудир оид ба тарбия кор карда, сипас директори ҳамин дабистон  таъйин шуд.
Тӯли 22 соли директории Мирзо Эшов муассисаи мазкур дар  саросари водии Вахш ҳамчун яке аз таълимгоҳҳои муваффақ ном баровард. Бисёр шогирдони ин мактаб дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои аввал  гардидаанд.
Аз моҳи январи соли 2013 Мирзо Эшов ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён ифои вазифа менамояд.
- Ба ин вазифа таъйин шудан, бароям масъулияти бузурге гузошт, - мегӯяд Мирзо Тӯраевич. - Аз лаҳзаҳои аввал кӯшиш кардам, ки сазовори ин боварӣ бошам.
Вазифаи аввалин ва муҳимтарин ҷобаҷогузории саҳеҳи кадрҳои омӯзгорӣ ҳисоб меёфт. Чун ба иҷрои вазифа шурӯъ намудам, дар макотиби ноҳияи Қубодиён 660 омӯзгори маълумоти олидор фаъолият доштанд, ҳоло теъдоди онҳо ба 1581 нафар расидааст. Ба роҳбарони мактабҳои олии омӯзгории кишвар номаҳо ирсол намуда, дар вақти тақсимоти омӯзгорони ҷавон дар ин донишгоҳҳо ширкат варзидему ба 217 нафари онҳо даъватномаҳо супурдем, ки иқдоми ояндасоз аст.
Имрӯз дар 32 мактаби ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст, ки дар  онҳо 940 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Агар дар соли таҳсили 2017 – 2018 хонандагони синфи якуми ноҳия 2383 нафар бошанд, дар соли 2018 – 2019 теъдоди онҳо ба 5000 нафар расид. Бинобар ин, ҳар сол зарур меояд, ки дар мактабҳои ноҳия 70-80 синфхонаи нав бунёд намоем.
Пас аз чанде шуъбаи маорифи ноҳия ба бинои нави замонавӣ кӯч хоҳад баст. Инчунин, сохтмони бинои мактаб – парваришгоҳ ва бинои сеошёнаи  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44-и минтақаи Полвонтуғай дар арафаи анҷомёбист.
Бахтиёр МУРТАЗО, адиб ва публитсист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 174

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед