logo

Хабарҳо

Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир  Расулзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб беморхонаи хусусии бемориҳои чашм  ба истифода дода шуд.
Беморхона ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ С. Абдусамадов дар масоҳати 300 метри мураббаъ сохта шуда, бо  таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин гардидааст.
Ҳамзамон,  дар кӯчаи С. Шакаров  бо иштироки Қоҳир Расулзода ва вазири маориф ва илм Нуриддин Саид маркази омӯзиши забонҳо ифтитоҳ гашт. Зимни кушодашавии он  зикр гардид, ки таъсиси чунин марказҳо ба баланд шудани сатҳи забономӯзии хонандагон ва донишомӯзон мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, аз  сокинони шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки аз чунин шароити хуби таълимӣ истифодаи самаранок намоянд ва фарзандони худро ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, ки забонҳои ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, ташвиқ намоянд.
Дар ҷараёни сафар дар кӯчаи А. Абдураҳмонов коргоҳи истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Сатторов ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар он маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол  мешавад, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, талаботи мардуми шаҳр ва харидорони берун аз шаҳрро қонеъ  хоҳанд гардонд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 128

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед