logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ СОДИРОТ

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи техникии миллии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон  ва Қирғизистон оид ба баррасии стандартҳои кишоварзии Осиёи Марказӣ доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории  ҷаласа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додани таҳияи стандартҳои кишоварзии Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла стандарти пиёзи барвақтӣ, меваи хурмо, лимӯ, олуи сиёҳ, харбуза, харбузаи хушк, ангур, мавиз, чормағз ва себи хушк арзёбӣ шуд.
Қудрат Давлатзода, директори Агентии «Тоҷикстандарт», ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва тақвият бахшидани рушди содирот, инчунин, бе монеа роҳ ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ  стандартҳои кишоварзӣ таҳия гардида истодаанд. Аз ҷумла, алҳол стандарт барои пиёзи барвақтӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалии КАИ СММ FFV- 25 таҳия шуда, корҳо дар самти таҳияи стандарти КАИ СММ FFV- 63 барои содирот ва назорати  сифати  маҳсулоти хурмо ва таҳияи  стандарти КАИ СММ FFV - 63 барои содироти лимӯ низ идома дорад. 
Тавре аз ҷониби ҳозирин баён гардид, тавассути таҳияи стандартҳои кишоварзӣ  сифати маҳсулот баланд ва пешниҳоди он ба истеъмолкунанда беҳтар гардида, ҳамкории судмандеро  ба роҳ мондан имкон дорад. Минтақаи Осиёи Марказӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар  хеле мусоид буда, барои содироти он ба кишварҳои Аврупо замина мегузорад. Коршиносон дар рафти ҷаласа иброз доштанд, ки ин иқдом барои рушди судманди  ҳамкориҳо  саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои рушди содироти маҳсулоти кишоварзии кишварҳои минтақа манфиат дорад.
Маҳсулоти кишоварзӣ ғизои аввалияи инсоният буда, дар замони муосир истеҳсолкунандагон онро дар шаклҳои нав коркарду бастабандӣ мекунанд ва ба истеъмолкунанда пешниҳод месозанд. Инчунин, тибқи тақозои замон, ҳангоми парвариш ба таркиб, ҳаҷм ва шаклу намуди он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд, то ки барои солимии инсон безарар бошад. Талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳам ҳамин аст, ки дар шароити тағйирёбии иқлим маҳсулоти кишоварзӣ беосеб боқӣ монад.  
Коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои ширкаткунанда дар ҷараёни ҷаласа фикру андеша ва пешниҳодҳои худро оид ба таҳия ва қабули стандартҳои байналмилалӣ, омилҳои татбиқи амалии стандартҳо дар рафти парваришу истеҳсолот, инчунин, ба  истеъмолкунанда расондани маҳсулоти кишоварзии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ баён доштанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2019    №: 71    Мутолиа карданд: 155

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед