logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Истиқлолият ба халқи тоҷик дар шинохти таъриху фарҳанг, ҳаёту фаъолияти бузургони миллат, шахсиятҳои баргузида ва қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои онон, имкониятҳои зиёде фароҳам овард.
Яке аз чунин мардони фидоӣ ходими давлатӣ ва сохтмончии бузург Камол Ғаниев буд. Ӯ 26 майи соли 1950 дар деҳаи Ҳамровиёи ноҳияи Балҷувон таваллуд шуда, соли 1966 мактаби №7, ноҳияи Данғараро хатм намудааст. Институти политехникии Тоҷикистонро пас аз хизмати ҳарбӣ соли 1980 бо ихтисоси муҳандис - сохтмончӣ хатм менамояд. То соли 1978 ӯ ба ҳайси усто, прораб, сардори қитъаи сохтмони ПМК 13 - и ноҳияи Данғара ифои вазифа дошт.
Солҳои 1978 - 1986 сармуҳандис, 1986 - 1992 сардори комбинати коммуналии ноҳияи Данғара буд. Саҳми ӯ дар ободонию кабудизоркунии шаҳраки Данғара калон аст. Чароғон намудани кӯчаҳои Макеев, Советӣ, Восеъ, Сино, васеъ кардани кӯчаҳои Ленин, Советӣ, Комсомол, Белинский, Турсунзода, Киров, Якуми Май, гузарондани оби нӯшоӣ дар кӯчаҳои Хайём, Сино, сангфарш кардани тамоми кӯчаҳои шаҳрак, сохтмони ҳайкали Исмат Шарифов, Талбак Лолаев, лавҳаи “Шаҳидони роҳи озодӣ” ва бунёди аввалин фаввора дар ноҳия маҳсули ташаббуси бевоситаи ӯст. Камол Ғаниев дар бунёди шаш бинои 12 ҳуҷрадор саҳм гирифтааст.
Баъди сардори раёсати роҳҳои вилояти Хатлон интихоб шудан, дар давоми ду соли фаъолият аз 33 пули харобгашта 22 - тоашро барқарор кард.
Камол Ғаниев чор маротиба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара интихоб шуда, ба манфиати халқ, барои пешрафтаи Тоҷикистони азизамон хизмат кардааст. Мавсуф солҳои 1992 - 1995 сардори раёсати роҳҳои вилояти Хатлон, 1995 - 2000 муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, 2000 - 2002 раиси Корпоратсияи «Маводи сохтмонӣ» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январи соли 2002  то соли 2004  муовини вазири саноат, сардори Департаменти «Маводи сохтмон» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вай дар ин миён ғоибона соли 2000 - ум Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ба поён расонд.
Камол Ғаниев шахси қавиирода буда, дар фаъолияти корияш дар соҳаҳои гуногуни кишвар кадрҳои бешуморро тарбия намудааст, ки онҳо имрӯз Тоҷикистони ягонаи моро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обод карда истодаанд. Ӯ ҳамеша ҷавононро дастгирӣ менамуд ва дар симои онҳо ояндаи кишварро медид. То охири умр содиқона ба Ватан хизмат кард ва дар солҳои мушкилтарин дар паҳлуи Сарвари давлатамон қарор дошт ва Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои фидокоронаашро ба назар гирифта, ӯро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Имрӯзҳо Камол Ғаниев дар бари мо, бо мо ва бо мардуме, ки аз дасти пурбаракати ӯ саховати зиёде дидаанд, дигар нест. Кору пайкори шодравон К. Ғаниевро фарзандонаш, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат мекашанд, идома  дода, мисли падари бузургашон ба Ватану халқ хидмат карда истодаанд.
Бозор МУРОДОВ,
Наврӯз ҶУМЪАХОНЗОДА,
устодони Донишгоҳи
давлатии Данғара


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2019    №: 72    Мутолиа карданд: 51

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед