logo

фарҳанг

НАВРӮЗИ БАДАХШОН

Аловуддин Шоҳинбеков, устоди Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, бо  такя  ба  сарчашмаҳои таърихӣ зикр кард, ки дар Бадахшон Наврӯзро дар баробари «Наврӯзи олам» дар ҷо - ҷо «Наврӯзи Султонӣ» ҳам мегуфтанд. Дар Шуғнон ва Роштқалъа онро «Хидир - айём» (иди калон, иди бузург ё иди идҳо) мегӯянд. Серистеъмолтарин истилоҳ «Шогун» ё «Шогунбуор» (баҳор) мебошад. Шакли қадимии ин калима бошад, «шугун» буда, тибқи тафсири луғатҳо он фоли нек, хайр ва муборак шуморидани чизеро ифода мекунад. «Шогуни баҳор муборак» ва посухи он «Бар рӯи шумо муборак» аз суханони асосӣ ва маъмули табрикотии ин ҷашни куҳанбунёд мебошад.
Яке аз русуми хеле маъмул, ки решааш ба умқи таърих рафта мерасад, суннати «бун-дед» (ордпошӣ сари китфи шугун ё худ шавгун) мебошад. Катхудо ва бонуи хона деворҳою шифти хонаро аз гарду чанги сол пок мекунанд ва чун хона тозаю озода шуд, шугун (яке аз калонсолони барӯманди маҳалла) аз дар ворид шуда, ба соҳибхонаҳо «Шогуни баҳор муборак!» гуфта, кадбону гарди ордеро сари китфи ӯ мепошад. Орд – рамзи сапедӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва фаровонӣ мебошад. Бо супориши кадбону кӯдакони калонсолтар аз ордоба рӯи деворҳо нақши нахчир, рамаи мол, расми офтобу ситораҳо, арчаю чинор мекашанд. Ин суннатнигораҳо дар мардуми кӯҳистон муқаддас ҳисобида мешаванду барои хонавода гӯё файзу баракат ато мекунанд.  Мардум ин оинро ба хотири пайки баҳор, ки онро дар Бадахшон бо ибораи «бачагии баҳор» ҳам ёдовар мешуданд, ба умеду орзуҳои хушии рӯзгор дар Соли нав қайд менамуданд.
Дар қисме аз маҳаллаҳои Шуғнон ва Роштқалъа, дар Вахону Ғорони Ишкошим марди хона субҳи барвақти рӯзи аввали Хидир - айём ё Наврӯзи олам ба ҷое, ки зардбед аст, рафта аз он ҷо чанд донаи навдаи бед бо маводи ҷорӯб гирифта оварда, дар қисми болоии ин навдаҳо бо корд ба мисли «ғилофакҳои нахӯд» тарошида, дар болои суфаи рӯбарӯи дари даромад, дар болои яке аз вассаҳо низ устувор менамояд.  Пас аз анҷоми ин амал ягон чизи (аслан, матои) сурхранг гирифта, болои бом баромада, онро дар лаби равзан мегузоштанд. Ин расмро сурхбарорӣ ё сурхгузаронӣ мегуфтанд. Он ҷо чаҳор ҷоруб - ду дона бо чӯбдаста («савораҷорӯб») ва ду дона бедаста («пиёдаҷорӯб») бо навдаҳои тобхӯрда баста, онҳоро аз равзан ба даруни хона мепартоянд. Аз ин пас, асбобу анҷоми хонаро ба дарун дароварда, ҷо ба ҷо мекунанд ва ҳамаи аҳли хона гирди дастархон ҷамъ омада, таоми наврӯзӣ мехӯранд. «Кишӣ» - «мамнӯъ» (манъи  дарову баро  ба  хона)  бо  ҳамин бартараф мешавад.
Яке аз расмҳои маъмули дигари мардуми Бадахшон бо номи «Кило - ғузғуз» ҳисоб меёфт. Рӯзи дуюми Наврӯз баъди фарорасии шом, бидуни он ки соҳибхона хабардор шавад, бачаҳо ба боми хона баромада, ба хондани дуои наврӯзӣ ва бо муждаи баҳор банди гулдӯзӣ бо ду кулча аз равзана ба хона мефуроранд. Соҳибхона дар иваз чизи дилхоҳашонро дар рӯймолашон меандозаду онҳо бандро мекашанд. Баъзеҳо аз расми «Кило - ғузғуз» истифода бурда, духтари хонадонеро ба арӯсӣ дархост мекарданд, ки қаблан модар ё падари духтар ба ин талаб розӣ набуданд:
Наврӯз  шуду базму тараб  хоҳам   кард.
Донӣ, ки  аҷаб  кори  аҷаб  хоҳам  кард?
Ҳар  кас  талабе  кунад зи  ҳамсояи  хеш,
Ман  аз  падарат  туро  талаб  хоҳам  кард...
Ин суннат гӯё саховат ва дороии соҳибхонаро муайян мекард. Калонсолон бошанд, бо навбат хонаи якдигар рафта, сарҷамъона нони наврӯзӣ мешикананд. Ин рамзи дӯстию муттаҳидӣ мебошад, ки ҳамдеҳагон ба якдигар таманно медоранд. Дар давоми се рӯзи Наврӯз лаъшбозӣ, улчакбозӣ, (арғунчак), пойгаҳ, кабкҷангу хурӯсҷанг, гӯштингирию бегоҳиҳо аловпарак ва дигар бозиҳои суннатӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо хурду бузург, зану мард бо камоли хуррамию иштиёқмандӣ ширкат меварзанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2019    №: 72    Мутолиа карданд: 69

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед