logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. САФИ ҚАРЗДОРОН КОҲИШ МЕЁБАД

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад, дар фарҳанги зиндагии мардум, баргузории ҷашну маросим, маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дигаргуниҳои мусбат ба бор овард.
Тавре дар дебочаи ин санад омадааст: «Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст». Воқеан, бо гузашти наздик ба 12 сол аз қабули қонуни мавриди назар ин рисолати пешбинишуда амалӣ гардида, бо риояи меъёрҳои он пеш аз ҳама манфиатҳои иқтисодии мардум ҳифз шуд. Маҳз ба шарофати ин қонуни миллӣ раванди қарзгирӣ аз бонкҳо ба хотири баргузор намудани тӯю маросимҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт ва барои нигоҳ доштани пасандозҳои сокинон дар бонкҳо муосидат кард. Агарчи то ҳол натиҷаҳо пурра қонеъкунанда нестанд, вале метавон гуфт, ки аз ҳисоби камхарҷ гузарондани ҷашну маросим шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки ба беҳбуди шароити зист, омӯзишу тарбияи фарзандон дасти расо дошта бошанд.
Омӯзиши ташаккул ва таҳаввули ҷашну маросим ва анъанаҳо дар масири таърих имкон медиҳад, ки махсусияти низомҳои таърихии ҳуқуқӣ, аз қабили ҳуқуқҳои одатӣ, анъанавӣ ва динӣ дуруст баҳогузорӣ гарданд. Ин омӯзиш, ҳамзамон, шароит фароҳам меорад, ки ҳолат ва хусусиятҳои инкишофи шуури ҳуқуқӣ, тасаввурот ва ақидаҳои иҷтимоӣ - сиёсӣ ва ахлоқии мардум муайян карда шаванд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки то қабули қонун вазъи гузарондани маросими мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариши зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросими динӣ, ки бояд дар доираи хонавода сурат мегирифт, ба маъракаҳои серхароҷот табдил ёфта, ба манфиати иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуд. Ҳоло ки чунин вазъият аз байн рафтаву татбиқи ин санад ба мардум сабукиҳои мусбат дод, пас метавон гуфт, ки воқеан қабули қонуни танзим тақозои замон буда, ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, сарфа намудани буҷети  хонаводаҳо, ғанӣ гардондани сармояи хонавода ва солимии муҳити молиявӣ нақши бориз гузоштааст. Аз ин рӯ, бо назардошти манфиатҳои молиявию иқтисодиии қонуни мазкур, таъсири он дар рифоҳи зиндагӣ бояд ҳар узви ҷомеа бо ин санади зиндагисози миллӣ бархӯрди муносиб нишон дода, дар риояи меъёрҳои он ба камбудӣ роҳ надиҳад.  
Субҳиддин МУНАВВАРЗОДА,  иҷрочии Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар суди иқтисодии вилояти Суғд

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2019    №: 72    Мутолиа карданд: 79

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед