logo

Хабарҳо

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, гӯштигирони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон, ки  дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир шуд, сазовори 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гардиданд.
Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Эмомризо Анварзода дар вазни  то 90 кг ғолиб омада,  сазовори медали тилло шуд. Шоҳида Қаландарова медали нуқра, Аҳлия Муъминова, Муҳаммадризо Қувватов ва Шарифҷон Назриев медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.

ТАЭКВАН – ДО. Се варзишгар – се медали тилло
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон варзишгарони тоҷик Муниса Ойматова, Абубакр Фатҳуллоев ва Алиҷон Фатҳуллоев дар Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба таэквандои ҷаҳонӣ миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба дарёфти медалҳои тилло мушарраф гаштанд.
Бино ба иттилои Федератсияи таэквандои Тоҷикистон (WTF), мусобиқа ба ифтихори Иди Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуда, дар он таэквандочиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  иштирок карданд.

ФУТБОЛ. Левченко сармураббии дастаи "Хуҷанд"
Яке аз футболбозони шинохтаи Тоҷикистон Виталий Левченко ба ҳайси сармураббии дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи дастаи «Хуҷанд» иттилоъ додааст.
Бояд гуфт, ки Виталий Левченко чанде пештар дар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии тайёрии ҷисмонӣ ифои вазифа менамуд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 90

20.05.2019


 "ФОРМУЛА – 55". ЯК ИҚДОМИ НАҶИБ

 ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: МУНТАХАБҲОИ ИШТИРОКЧӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

 ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ" ПЕШСАФИ ЯГОНА

 ДАР НАЗДИ АҲРОМҲОИ МИСР ТАРКИШ БА АМАЛ ОМАД

 ВАКИЛИ РАДАИ ОЛӢ ТАЛАФОТИ УКРАИНАРО АЗ КОҲИШИ СОДИРОТ БА РОССИЯ $80 МИЛЛИАРД ШУМУРД

 ГУФТУШУНИДИ ТИҶОРАТИИ БАЙНИ ИМА ВА ЧИН БОЗДОШТА ШУД

 НАТИҶАИ «ЕВРОВИДЕНИЕ - 2019» - РО МЕТАВОНАНД БЕКОР СОЗАНД

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед