logo

фарҳанг

"ШУЪЛАИ ИНҚИЛОБ". АВВАЛИН НАШРИЯИ РАСМИИ ТОҶИКӢ

Дар таърихи матбуоти даврии тоҷик «Шуълаи инқилоб» аз нахустин нашрияи расмиест, ки пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ расидааст.
1 марти соли 1919 бо ташаббуси Саидризо Ализода аз номи як идда коммунистони ноҳияи Боғишамоли вилояти Самарқанд ба шуъбаи маориф ва кумитаи ҳизбии вилоят бо мақсади таъсиси ҷарида ва  ё маҷаллаи мустақиле барои мардуми форсизабон, ки нуфуси онҳо дар Боғишамол аксарият буд, ариза меояд. 3 марти соли 1919 Ҳукумати Туркистон дар бораи таъсиси «Шуълаи инқилоб» ва муҳаррири он таъйин кардани Саидризо Ализода қарор қабул менамояд.
Шумораи аввалини «Шуълаи инқилоб» дар Самарқанд 10 апрели соли 1919 ҳамчун органи комитети вилоятии Ҳизби Коммунисти Туркистон дастраси хонандагон гардида, чопи минбаъдаи он то соли 1921 ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми 8 саҳифа, бо теъдоди наздик ба 4 ҳазор нусха (дар давраи дуюм), дар маҷмӯъ, 91 шумора давом кард. Дар шумораи аввал мақсаду мароми нашрия чунин баён ёфтааст: «Мо сухан мегӯем барои беҳбудӣ ва хайрияти ҳоли ситамкашон. Мо ҳарф мезанем ва ҷиҳати ба даст омадани ҳуқуқи поймолшудаи мазлумон. Барои расидан ба мақсади муқаддаси худи мо қалами худро тир карда, бо душманон ва мухолифин то охирин нафасамон мубориза ва ҷиҳод менамоем ва дар ин роҳ аз ҳеҷ гуна мавонеъ ва таҳдид заррае намеандешем. Мақсади мо ҳақ аст ва мо фидои ҳақ ҳастем».
Фаъолияти ин нашрияро ба ду давра ҷудо кардан мумкин аст. Давраи аввал то шумораи 22, ки шаш моҳ тӯл кашида, бо сабаби набудани қувваи корӣ, мавод ва шароити чопӣ ба мушкилоти зиёд дучор шудааст. Давраи дуюм баъд аз 52 рӯзи таътил аз шумораи 23 оғоз ёфта, то  8 декабри соли 1921 идома ёфтааст.  Ин вазъро С. Ализода дар мақолаи худ «Хонандагон, Худо ҳофиз» чунин шарҳ дода буд: «Ҳангоме ки мо ба майдони матбуот даромада, қалами шикастаи худро ба даст гирифта, яқин доштем, ки миллати мо ба матбуот ташна ҳастанд, қадри матбуоти форсиро дониста, аз ҳар ҷиҳат барои пойдории маҷалла ёрӣ ва ҳамроҳӣ хоҳанд намуд… Вале афсӯс, ки дар муддати ин шаш моҳ ҳар чи фарёд задем, касе ба фарёди мо нарасид. На аз ҷиҳати моддӣ ва на маънавӣ касе моро ёрӣ накард.
Дар арзи шаш моҳ шумораи муштариёни мо ба ҳазор расид. Хулоса, аз ҳар ҷиҳат аҳволи мусоид нест, ки мо нашри маҷалларо давом диҳем. Аз ин рӯ, ночор ба хобондани маҷалла маҷбур шуда, хонандагони худро худоҳофизӣ менамоем».
Дар давраи дуюми фаъолияти «Шуълаи инқилоб» устод Айнӣ ба ҳамкории фаъол шурӯъ мекунад. Ӯ ба хотири дастгирии нашрия ва чопи мунтазами он ба сардабир С. Ализода қавл медиҳад, ки барои ҳар шумора як мақола интишор мекунад ва даъвои ҳаққи қалам намекунад. Ин воқеаро Ҳасан Ирфон чунин ёдрас шудааст:
«Баҳори соли 1919 дар Самарқанд намояндагони пешқадами меҳнаткашон, коркунони партиявию советӣ, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, ки нав аз Тошканд баргашта буд, ҷамъ омаданд. Домулло Айнӣ изҳори таассуф намуд, ки аҳолии шаҳр тоҷиканду шаҳр ва тамоми вилояти Самарқанд фақат аз газетаи ӯзбекӣ беш надорад. Комитети вилояти фирқа хоҳиши болшевикони райони Боғишамолро ба инобат гирифта, ба нашри як маҷаллаи ҳафтагии тоҷикӣ бо номи «Шуълаи инқилоб» иҷозат дод, – гуфт Ализода, - дар тараддуди ҷойи муносибе мебошем ва ба ёрии қалами шумо барин азизон интизор!
Аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан, – гуфта, домулло Айнӣ ба камоли рағбат иштироки худро дар маҷаллаи тоҷикӣ изҳор дошт». 
 С. Айнӣ ба қавлаш истода, дар давраи дуюми «Шуълаи инқилоб» беш аз 93 мақола, очерк ва тарҷумаҳояшро бо номҳои мустаори «С. Айнӣ», «С. Айн», «С. М.», «С. Х.», «С», «Х», «Қ. А», «С. К.» ба табъ мерасонад.
Устод Айнӣ мувофиқи рӯҳи замон ва бо мақсади огоҳии ҳаммиллатону ҳамзабононаш ба масоили муҳимми ҳалталаби замон рӯ оварда, бо нигоштаҳои худ «онҳоро барои соҳиби ҳаққу ҳуқуқ ва дар ғафлат намондан» даъват кардааст.
Мундариҷаи нигоштаҳои С. Айнӣ, ки дар «Шуълаи инқилоб» интишор шудаанд, рангоранг буда, аз ҷиҳати интихоби мавзӯъ, масъалагузорӣ, шарҳу тавзеҳ, тарзи нигориш ва забону услуб басо ҷолибанд. Ӯ на ҳамчун мухбир ва ё воқеанигори муқаррарӣ, балки ҳамчун шахси бохабар аз пастиву баландиҳои рӯзгор, илмомӯхта, сиёсатдон, донишманди таъриху адабиёт ва фарҳанги халқи худ масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар нашри «Шуълаи инқилоб», ҳамчунин, Саидризо Ализода, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Ҳоҷӣ Мӯин Шукруллоев, Баҳриддин Азизӣ, Фахриддини Роҷӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ва дигарон нақш доштаанд. Яке аз фаъолтарин муаллифони дигари ин нашрия  сардабири он С. Ализода буд, ки қариб дар ҳар як шумора перомуни масоили мухталифи дохиливу ватанӣ матолибе интишор менамуд ва хонандагонро аз вазъи замона воқиф месохт, ба дарки маърифати сиёсии онҳо мусоидат мекард.
Ин нашрия дар пайравӣ ба маҷаллаи «Мулло Насриддин», ки дар Тифлис интишор мегардид, аз 25 сентябри соли 1919 бо номи «Тозиёна» гӯшаи ҳаҷвӣ ташкил намуд. «Тозиёна» мақсади мубориза ба муқобили душманони сиёсати замонро дошт. Он 14 маротиба дар шумораҳои гуногуни ин нашрия чоп шуд.
«Тозиёна» - и «Шуълаи инқилоб» барои ташаккули ҳаҷви матбуоти даврии тоҷик замина гузошт. Гӯшаву саҳифа ва нашрияҳои ҳаҷвие, ки дар солҳои минбаъда бо забони тоҷикӣ интишор шуданд, ба таҷрибаи «Тозиёна» такя карданд ва, албатта, аз он баҳра гирифтанд.
«Шуълаи инқилоб» дар аксарияти шаҳрҳои калони Туркистон, Самарқанд, Тошканд, Хуҷанд, Ашқобод, Марв ва Бухоро паҳн мешуд. Ба қавли С. Ализода ин нашрия дар Афғонистон 400 нафар ва дар  Эрон  аз ин зиёдтар хонанда доштааст.
Умуман, «Шуълаи инқилоб» аввалин нашрияи расмиест, ки бо забони тоҷикӣ ва услуби нисбатан сода нашр мегардид. Дар он калимаву таркибҳои душворфаҳми арабӣ, ки дар нашрияҳои «Бухорои шариф», «Рӯзномаи моварои баҳри Хазар», «Самарқанд», «Ойина» бештар истифода мешуданд, ба назар намерасад. Матолибаш бо самимияти баланди инсондӯстӣ, фарҳанг ва маорифпарварӣ иншо гардида, байни хонандагон маҳбубият доштааст.
Хизмати ин нашрия дар ташаккули адабиёти навин ва публитсистикаи матбуотии тоҷик назаррас буда, барои ташаккули фаъолияти рӯзноманигорӣ ва шакл гирифтани жанрҳои он ба мисли  мақолаву нигориш, фелетону памфлет муҳим ва арзанда мебошад. Сабақҳои ин нашрия дар рӯзноманигории муосир низ беаҳамият буда наметавонад.
Мурод МУРОДӢ, профессори ДМТ

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2019    №: 73    Мутолиа карданд: 210

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед