logo

Хабарҳо

ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

Дирӯз дастаи «Хуҷанд» (Тоҷикистон) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – 2019 дар майдони худ тими «Дордой» (Қазоқистон) - ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.
Ба меҳмонон муяссар гашт, ки  аввалин шуда ҳисобро кушоянд. Тӯбро нимҳимоятгар Бекжан Сагинбаев (дақиқаи 17 - ум) вориди дарвозаи мизбонон кард. Дар дақиқаи  42 - юм Дилшод Восиев ҳисобро баробар намуд ва дастаҳо ба танаффус баромаданд.
Дар нимаи дуюми бозӣ (дақиқаи 63 - юм) ӯ ба дарвозаи «Дордой» боз як тӯб зада, дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаҳои охири бозӣ ба дарвозаи меҳмонон зарбаи 11 - метра таъйин гардид, ки онро Ҷаҳонгир Эргашов ба самар расонд.
Бозии тими «Олтин Асир» бо «Истиқлол» мусовӣ (1:1) ба анҷом расид.
Ҳамин тариқ, пас аз даври дуюми бозиҳои гурӯҳи «D» «Истиқлол» бо 4 хол дар садри ҷадвал қарор дорад.
Бозиҳои навбатии гурӯҳ:
«Хуҷанд» - «Олтин Асир» (30 апрел)
«Истиқлол» - «Дордой» (1 май)

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО. Аз ҳангомаи "Аякс" то ғолибияти "Тоттенҳем"
Бозиҳои ҷавобии даври 1/4 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо оид ба футбол  ба анҷом расиданд. Пас аз натиҷаи онҳо дастаҳои «Аякс», «Барселона», «Тоттенҳем» ва «Ливерпул» ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд.
Тибқи иттилои сомонаи Евро - футбол.ру, дар нимфинал «Ливерпул» бо «Барселона» ва «Аякс» бо «Тоттенҳем» қувваозмоӣ мекунанд. Бозиҳои аввал 30 апрел, ҷавобӣ 7 май доир мегарданд.
Натиҷаи бозиҳои ҷавобии даври 1/4 ниҳоӣ:
«Ювентус» - «Аякс» 1:2 (1:1)
«Барселона» - «Манчестер Юнайтед» 3:0 (1:0)
«Манчестер Сити» - «Тоттенҳем» 4:3 (0:1)
«Порту» - «Ливерпул» 1:4 (0:2)
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 98

20.05.2019


 "ФОРМУЛА – 55". ЯК ИҚДОМИ НАҶИБ

 ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: МУНТАХАБҲОИ ИШТИРОКЧӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

 ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ" ПЕШСАФИ ЯГОНА

 ДАР НАЗДИ АҲРОМҲОИ МИСР ТАРКИШ БА АМАЛ ОМАД

 ВАКИЛИ РАДАИ ОЛӢ ТАЛАФОТИ УКРАИНАРО АЗ КОҲИШИ СОДИРОТ БА РОССИЯ $80 МИЛЛИАРД ШУМУРД

 ГУФТУШУНИДИ ТИҶОРАТИИ БАЙНИ ИМА ВА ЧИН БОЗДОШТА ШУД

 НАТИҶАИ «ЕВРОВИДЕНИЕ - 2019» - РО МЕТАВОНАНД БЕКОР СОЗАНД

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед