logo

фарҳанг

"ЁДДОШТҲО" - РО ДУРУСТ НАОМӮХТАЕМ

Устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР яке аз чор адиби бузурги Шарқи нимаи аввали асри XX шинохта шудааст. Яке аз асарҳои бузурги ӯ «Ёддоштҳо» мебошад, ки бузургтарин асари насри адабии Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар он рӯзгори ҳамзамонони Айнӣ инъикос  ёфтааст.
Леонид Леонов «Ёддоштҳо» - ро чун новеллаҳо шинохтааст. Воқеан, дар ин асар ҳикоя, қисса, ривоят, воқеаҳое тасвир шудаанд, ки риштаи пайванди онҳо сарнавишти муаллиф ва ҳунари эҷодии ӯст.
Замоне ман «Ёддоштҳо»-и устодро бо китоби ҳикояҳои Робендронат Такур, ки мукофоти Нобелӣ гирифтааст, муқоиса карда будам. Дар назарам чунин намуд, ки ҳам хати сужет, ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам хаёлу тафаккури иҷтимоию сиёсии ҳар ду адиб чун як себи дукафонанд. Айнӣ аз ҳаёти Бухоро, Такур аз ҳаёти Ҳиндустон ва ҳарду дар як вақт аз ҷаҳолате навиштаанд, ки дар Шарқ ҳукмрон буд.
«Ёддоштҳо» ин сарнавишти Айнии ҷавон аст ва чӣ гуна бузург шудани кӯдакеро нишон медиҳад, ки дар деҳа ба дунё омада, ба сатҳи ҷаҳонӣ мерасад. Шояд дар ташаккули Айнии адиб, Айнии муаррих, Айнии публитсист он лаҳзаҳое, ки дар «Ёддоштҳо» омадаанд, таъсир дошта бошанд. Чунин лаҳзаҳо хеле зиёданд.
Дар қиссаҳои шомили «Ёддоштҳо» мавзӯъҳое ҳастанд, ки имрӯз ҳам таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб мекунанд. Масалан, ӯ дар воқеае марбут ба «Махдуми Гав ва Пирак», ду бародар, ду инсони нек ва ду гӯштигири машҳур, ки яке ба иллати нашъамандӣ аз по афтиду дигаре то марг ӯро нигаҳбонӣ кард, мо рӯҳи замони Айнӣ ва идомаи ин бадбахтиро дар замони имрӯза ҳам пайдо мекунем. Мутаассифона, ин чизро санъаткорони мо камтар дида ва камтар ба ӯ муроҷиат кардаанд. Ин ва дигар мавзӯъҳои пайгиришуда аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи имрӯзи мост, ки таҳия ва пешниҳоди он тавассути саҳнаи театр ҳатмист.
 Нуктаи дигар ин аст, ки «Ёддоштҳо» моро бо бузургони адабиёти қарни XIX - XX Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Ҳайрат ва дигарон шинос мекунад ва муҳити илмиву адабии Бухороро нишон медиҳад. Ҳатто аз ҳамин тасвире, ки замони то 25 - солагии Айниро дар бар мегирад, дарк кардан мумкин аст, ки ин маркази илму тамаддун дар аввали асри XX ба чӣ ҳоли зоре расида буд.
«Ёддоштҳо» воқеаҳо ва ҳодисаҳои зиёдеро, ки ба таърихи Бухоро тааллуқ мегиранд, ба мо ёдрас мекунад. Ҳеҷ кас аз адибони ҳамзамони Айнӣ ва то вай дар бораи мадрасаҳои Бухоро ин қадар маълумоти муфассал надодааст, ки «Ёддоштҳо» медиҳад. Устод Айнӣ менависад: «Аҳволи таърихияи илмияи Бухоро пеш аз санаи ҳазоруми ҳиҷрӣ боиси обрӯву шарафи Бухоро ва бухориён аст, аммо баъд аҳволи илмияи Бухоро ба таназзул афтод». Дар бораи илм ва муҳити собиқи Бухоро сухан ронда, Айнӣ ёд мекунад, ки соли 996 - и ҳиҷрӣ мадрасаи Абдуллохон сохта шуд. «Барои он ки ба вай роҳбар таъйин кунанд, дар саҳни бинои нав мусобиқаи олимон баргузор гардид ва ду тани «финалист» - Мавлавӣ Мирзоҷони Шерозӣ ва Мавлавӣ Садриддини Бухороӣ хеле муддат аз боби илму адаб талошҳо карданд ва дар натиҷа Мирзоҷон роҳбари мадраса шуд. Аммо ин гуна олимон дар мадрасаҳои Бухоро дар аввали қарни XX кам монда буданд», - менигорад устод.
Замоне буд, ки баъзе ҷавонони мо дар осори Айнӣ маъноҳои зиддидинӣ суроғ мекарданд. Бо ин мақсад аз «Дев ва аждаҳо», «Духтари ноком», «Никоҳи духтари 9 - сола», «Ҷанги муллоён ва аробакаш» барин ҳикоёт, ки дар «Ёддоштҳо» зикр шудаанд, истифода кардан мехостанд. Ҳол он ки онҳо дар бораи дин не, балки дар бораи муллоён ва муллотарошони ҷоҳил қисса мекарданд. Чунин ашхос дар муҳити Бухоро кам набуданд ва онҳо буданд, ки Аҳмади Донишро кофир ва гумроҳ мепиндоштанд ва устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» хотирнишон мекунад, ки ҳатто пешгӯии Дониш аз он ки моҳ фалон рӯз мегирад ва то фалон вақт торикӣ идома меёбад, онҳоро аз худ бехуд мекард.
Ё дар симои савдогарон Говҷигар, Ҳоҷизоҳид ва дигарҳо мо фиребу найранги иддае аз пешаваронро эҳсос мекунем, ки ахлоқи онҳо ба замон маҳдуд намемонад.
Дар «Ёддоштҳо» перомуни ашхосе ҳам сухан меравад, ки ба  Наврӯз – иди миллии тоҷикон ниқоби динӣ пӯшонда, бо «ҳафтсалом» онро ба маъракаи динӣ табдил доданӣ мешуданд.
Айнӣ муътақид буд, ки «Ёддоштҳо» барои эҷоди асарҳои марбут ба замони дар он тасвиршуда замина фароҳам месозад, мавод медиҳад. Ва адибони мо ҳам аз ин имкон истифода бурданд.
Баъзе ҷавонон мақсади асосии «Ёддоштҳо» - ро нафаҳмида, зуҳуроти тазаккуроти халқпарварона ва миллатдӯстонаи онро дарк накарда, воқеаҳо ва макони онро нашинохта, мутаассифона, дар бораи ин асар сухан мегӯянд. Ҳол он ки меарзад, ин асари устод Айнӣ ҳамчун намунаи олии худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ мавриди омӯзиши доимӣ қарор гирад.
Иброҳим УСМОНОВ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2019    №: 75    Мутолиа карданд: 211

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед