logo

Хабарҳо

НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ба ифтихори Рӯзи пойтахт Ниммарафони Х байналмилалии Душанбе баргузор гардид, ки дар он варзишгарони 17 давлат иштирок карданд.
Чун анъана ниимарафон дар масофаи 21,97 километр дар масири Наврӯзгоҳ – майдони «Дӯстӣ» сурат гирифт.
Тибқи иттилои кумитаи тадорукоти мусобиқа, миёни мардон Фенти Тилахан аз Эфиопия бо натиҷаи 1:06:36 ғолиб шуд. Зинаҳои баъдиро Ухимчук Микола (Украина) ва Михаил Қосимов (Қазоқистон) ишғол карданд.
Миёни бонувон пирӯзӣ насиби Даря Маслова (Қирғизистон) бо натиҷаи 1:14:45 гардид. Боиси тазаккур аст, ки ӯ соли гузашта низ ғолиб гашта буд. Ҷойҳои дувуму сеюмро Гуангул Хирут (Эфиопия)  ва Ситора Ҳомидова (Ӯзбекистон) гирифтанд.

Мақоми нави Дилшод Назаров дар Осиё
Дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа ҷаласаи Конгресси Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё доир гашт.
Бино ба иттилои Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, дар он Доҳлан Ал-Ҳамад аз Қатар дигарбора президенти ассотсиатсияи мазкур интихоб гардид, ки ваколаташ то соли 2023 идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин, ноибони президент, аъзои Кумитаи иҷроия ва масъулини дигар ниҳодҳо аз нав интихоб шуданд.
Варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де- Жанейро Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб шуд. Федератсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро, инчунин, раиси комиссияи варзишгарон интихоб намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа, тибқи овоздиҳии роҳбарони федератсияҳои варзиши сабуки қитъаи Осиё, Дилшод Назаров беҳтарин гурзпартои Осиё эътироф гардид.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 136

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед