logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ НАВ ДАР СОҲАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН

Воқеан, Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми худро пайдо карда, бо Роҳбари миллатсозу ваҳдатофари хеш тавонист ба муҳимтарин дастовардҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими инсонӣ ноил гардад. Пешвои муаззами миллат дар мавриди мазкур таъкид намуда, мефармоянд: «Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хизматҳои беназирашон дар роҳи дини ислом солҳои 2012, 2016, 2017 ва 2018 ба рӯйхати «500 мусулмони бонуфузи олам» ворид гардиданд.
Солҳои 2005 ва 2016 ҳангоми зиёрат вориди Хонаи Худо – Каъбатуллоҳ шуда, барои мардуми тоҷик дуои хайр карданд.
Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) шаҳри Душанберо «Пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010» эълон намуд.
Соли 1990 Мадрасаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ дар назди Идораи динии мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997 Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ, соли 2007 Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон, соли 2009 Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» таъсис ёфт.
Агар дар замони Ҳукумати Шӯравӣ аз соли 1943 то соли 1988 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷиди ҷомеъ фаъолият мекарда бошад, айни ҳол ин теъдод ба 3850 - то (1 маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ ва 3475 масҷиди панҷвақта) расидааст.
Шумораи зиёраткунандагони Хонаи Худо, ки пеш аз истиқлол 30 нафарро ташкил медод, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба беш аз 200 000 нафар расид.
Тарҷумаи тоҷикии Қуръони карим бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди даҳҳо ҳазор нусха нашр ва ба мардуми тоҷик дастрас гашт.
«Ҳидояи шариф», «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ», «Саҳеҳи Бухорӣ» тарҷума ва нашр шуд.
Бо мақсади бузургдошти 1310 - солагии Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) ва саҳми гаронбаҳои ӯ дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ соли 2009 «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гардид.
Инчунин, ғамхории Пешвои муаззами миллат буд, ки ҷиҳати таъйини маоши имомхатибону сархатибон фармон содир гардид, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб мешавад.
Дар фарҷом ба таври хулоса метавон гуфт, ки амну оромии кишвару мардуми тоҷик, ноил гаштан ба се ҳадафи стратегии миллӣ (таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ), озодии виҷдон ва анҷоми бемамониати соири ибодоти динӣ, ободиву зебоии шаҳр ва навоҳии тобеи он аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусоти Пешвои муаззами миллатанд. Бояд дар ҳифзу нигоҳдошти ин дастовардҳо саъю талош намуд ва ҷавонону насли наврасро дар ин ҷода тарбия намуд.
Имомиддин СОЛИЕВ,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
Мавлоно Фатҳуллоҳи Чустӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 194

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед