logo

сиёсат

ОҒОЗИ КОРҲОИ НАВСОЗИИ КОМБИНАТИ ОРДИ ДУШАНБЕ

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Комбинати орди Душанбе" оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд.
Комбинати орди Душанбе дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Инак, бо тақозои замон ва дар доираи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ иқдоми таҷдиду муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шуд.
Таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷудаи комбинати орди Душанбе имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва сарфаи вақт хатҳои истеҳсолӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба кор андохта шаванд ва барои оғози фаъолияти истеҳсолию таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шаванд.
Инфрасохтори мавҷуда ва ҷойгиршавии бинои комбинати орди Душанбе бо назардошти мавҷудияти шохаҳои роҳи оҳан, дорои анбор барои захираи 32 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ барои нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабӯсу гандуми реза мебошад. Бо васлу насби технологияи истеҳсолӣ иқтидори коркарди гандум дар комбинат дар як шабонарӯз ба зиёда аз 300 тонна ва дар як сол ба 110 ҳазор тонна  расонда хоҳад шуд.
Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо лоиҳаи навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе”, иттилоъ доданд, ки баъди пурра ба кор андохтан ва муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир барои мутахассисони маҳаллӣ зиёда аз 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.
Тибқи таҳлилҳо, талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе зиёда аз 400 тонна ордро ташкил медиҳад ва тадбирҳои роҳандозишаванда дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи навсозии корхона тамоми биноҳои  он  бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд.
Навсозӣ ва таҷдиди корхона барои таъминоти бозори дохилӣ бо орд, инчунин, заминагузорӣ ба содироти минбаъдаи он ба кишварҳои ҳамсоя ва, бад-ин васила, ҷиҳати таҳкими диверсификатсияи маҳсулоти содиршавандаи ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 409
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед