logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ АМФИТЕАТР ДАР БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ифтитоҳи театри тобистона дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омода, туҳфаи арзишманди Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. 
Аснои шиносоӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти фарҳангиро дар ҳудуди боғи фарҳангу фароғатӣ муҳим ва саривақтӣ хонда, масъулонро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили  барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дастур доданд.
Амфитеатр дорои 1500 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла  дар ошёнаи якум нуқтаи чиптафурӯшӣ, ҳуҷраҳои маъмурияти боғ ва дигар хонаҳои корӣ, дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраи ороишдиҳӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ, тарҳрезӣ гардидаанд.
Сохтмони амфитеатр моҳи июли соли 2018 оғоз шуда, дар ин давра беш аз 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид. Бинои иншооти мазкур пурра бо сангҳои маҳаллӣ ороиш ёфта, аз санъати баланди миллию меъморӣ дарак медиҳад. Театри тобистона аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб  шудаанд.
Масоҳати боғ 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайёст. Боғ соли 2018 дар доираи иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат навсозӣ гардида, дар он атраксионҳои замонавӣ, майдончаҳои муосири варзиш ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфтанд.
Баъди шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар театри тобистона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иншооти навбунёд бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқоти самимӣ доир намуда, ифтитоҳи боз як иншооти фарҳангиро барои сокинони пойтахт муборак гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди зиёда аз 4 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар бештари онҳо сохтмон ҷараён дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаву пайгиронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат давоми солҳои охир боз ҳам зебо мегардад.
Ба муносибати ифтитоҳи амфитеатри нав, аз ҷониби аҳли ҳунару фарҳанги мамлакат барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирон гардонда шуд, ки саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 408
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед