Хабарҳо
Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид
Al Arabia. Ҳуку-матдорони кишвар дар содири силсилаи амали террористӣ ҳангоми иди писҳо гурӯҳи мусаллаҳи маҳаллии «National Thoof Gammath» - ро гунаҳгор карданд.
Рӯзи якшанбе дар иди Писи католикӣ дар мамлакат 8 таркиш ба амал омад. Ҳадафи ҳамла меҳмонхонаҳои боҳашамат дар пойтахти Шри - Ланка - Коломбо ва атрофи он, ҳамчунин, калисоҳо дар шаҳрҳои Коломбо, Негомбо ва Баттикалоа қарор гирифтанд. Мувофиқи маълумоти охирин, теъдоди қурбониён қариб ба 300 нафар расида, 500 тани дигар ҷароҳат бардошт. Онҳо шаҳрвандони 27 давлатанд. Полис дар иртибот бо амалҳои хунини террористӣ 24 шахсро дастгир кардааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 980