logo

туризм

САЙЁҲӢ. АЗ РУШДИ СОҲА ТО МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ба шумор меравад ва, аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба рушди он таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд. Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри баланд бардоштани рақобатнокии бозори сайёҳии кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, моҳи марти соли 2018 Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018 – 2020-ро қабул намуд, ки самтҳои асосӣ, афзалиятҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи сайёҳӣ барои давраи миёнамуҳлат муайян мекунад.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, такмили санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи сайёҳӣ, содагардонии расмиёти дастрасии иҷозатнома барои оғози фаъолияти сайёҳӣ, ба роҳ мондани муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамкории самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва дигар сохторҳои ба соҳаи сайёҳӣ ва сайёҳон алоқаманд, тақвият бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, таъмини бехатарии сайёҳон, тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳамзамон, тарбияи мутахассиони соҳа, аз бандҳои муҳими барномаанд. Натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳӣ бамаротиб афзуда, ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон ба кишвар тавсеа ёфт. Соли гузашта беш аз 1 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карда, имсол танҳо ба тантанаҳои Ҷашни Наврӯз зиёда аз 60 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба кишвар ташриф овард.
Дар иртибот ба ин масъала, мутахассисон иброз медоранд, ки корҳои дар доираи барнома анҷомдода, албатта, барои беҳ гаштани инфрасохтор мусоидат менамоянд, вале набояд бо ин қонеъ шуд. Бо вуҷуди он ки иқтидори туристии Тоҷикистонро дар минтақа дигар кишварҳо надоранд, ин захираҳо ба пуррагӣ омӯхта нашудаву мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва сар карда аз сатҳи хизматрасонӣ то вазъи инфрасохтор мушкилиҳои зиёде мавҷуданд. Барои мисол, сайёҳии экологию кӯҳӣ аз самтҳои афзалиятноки туризми кишваранд ва майли сайёҳон ба табиати бикри манотиқи кӯҳӣ беш аз пеш меафзояд. Ҳатто, дучархасаворон ҳам ба минтақаҳои кӯҳӣ мароқ зоҳир мекунанд. Аммо инфрасохтори сайёҳии ин мавзеъҳо талаботи сайёҳонро қонеъ гардонда наметавонад. Мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ бошанд, дар ҳолати на он қадар хуб қарор доранд ва шумораи зиёди онҳо зери хоканд. Ҳарчанд вазъи мавҷуда борҳо аз ҷониби роҳбарияти кишвар интиқод гардид, ҳамоно ҳолати қисме аз ёдгориҳо ташвишовар боқӣ мондааст. Аксари ёдгориҳо дар деҳаҳо ҷойгиранд, ки роҳҳои дохилии онҳо низ таъмирталабанд.
Вобаста ба ин, декани факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Амриддин Самиев, пешниҳод месозад, ки аз нигоҳи туризм баҳогузорӣ намудани тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ хеле зарур аст. Қаламрави кишвар аз ҷиҳати туризм ноҳиябандӣ шудааст, лекин ташкили ҳудудиро набояд сарфи назар кард. Яъне, муайян намудан лозим аст, ки дар кадом минтақа кадом навъи туризм метавонад ривоҷ ёбад. Ҳамчунин, туризмро бояд тарзе ба роҳ монд, ки дар тамоми фаслҳои сол аз он даромад гирифта шавад.  Ҳоло, мутаассифона, мавзеъҳои сайёҳии мо мавсимианд. Бо гузаштани давраи муайян, ҳам кормандон бешуғл мемонанду ҳам мавзеъ аз мадди назар дур. Барои мисол, дар Сафеддара мешавад дигар намудҳои сайёҳиро ҷорӣ намуду ҳамзамон, барои истироҳату фароғати кӯдакон лагерҳои тобистона бунёд кард. Агар масъулон ба ин ҷиҳати масъала диққат диҳанд, бешубҳа, кор ранги дигар мегирад.
Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ ин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани сатҳи хизматрасонӣ аст. Аммо, хизматрасоние, ки дар манотиқи кишвар ба сайёҳон пешниҳод мегардад, на ҳама вақт  талаботи онҳоро қонеъ мегардонад. Сабаби инро коршиносони соҳа ба норасоии мутахассисон ва касбияти пасти онҳо рабт медиҳанд, ки воқеан ҳам, аз масъалаҳои асосист.  Зеро сарфи назар аз он ки зиёда аз 10 муассисаи олии кишвар ба омода намудани мутахассисони соҳа машғуланд, проблемаи нарасидани кадрҳои соҳибтахассус ҳамоно чун масъалаи аввалиндараҷа боқӣ мондааст. Хатмкардагони ин муассисаҳо бо сабаби нокифоягии донишҳои касбӣ ва надонистани забонҳои хориҷӣ дар бозори туризм мавқеъ пайдо карда наметавонанд ва дар шароити феълӣ, ки шумораи сайёҳони ба кишвар ташрифоваранда дар ҳоли афзоиш аст, норасоии мутахассисон беш аз пеш эҳсос мегардад. Кумитаи рушди сайёҳӣ кӯшиш карда истодааст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дар муассисаҳои ба соҳа алоқаманд таъмин намуда, ба ин васила, касбияти онҳоро баланд бардорад, аммо чораҳои андешидашуда ҳоло ҳам нокифояанд. Чуноне Амриддин Самиев зикр мекунад, на ҳамаи ширкатҳо барои ба кор ҷалб намудани мутахассисон ҳавасманданд. Дар навбати худ, на ҳамаи мутахассисон забонҳои хориҷиро медонанд, дар ҳоле ки донистани забон тақозои касбашон аст. Бартар аз ин, омӯзгорон барои такмили ихтисос ба хориҷи кишвар фиристода намешаванд. Дар ҳоле ки барои омода намудани мутахассиони ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалии сайёҳӣ, пеш аз ҳама, омӯзгорон бояд аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои дар самти сайёҳӣ пешгом воқиф бошанд ва бо назардошти ин, кадрҳоро омода созанд.
Пас, чӣ бояд кард? Барои бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда дар назар аст, ки дар самти омода намудани кадрҳо Академияи байналмилалии сайёҳӣ ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии Шоҳроҳи Абрешим бунёд ёбад. Аммо бо таъсиси чунин муассисаву андешидани тадбирҳои дигар то кадом андоза ин мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд, вақт нишон хоҳад дод. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 343

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед