logo

туризм

САЙЁҲӢ. ЧАРО НАТИҶАҲО НАЗАР БА ИМКОНИЯТҲО КАМАНД?

Ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ” дар таҳрири нав ва “Дар бораи ҳунармандӣ” - танзимкунандаи соҳаи мазкурро таҳия намуда, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро тасдиқ намуд. Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз ҳам натиҷаҳои бадастомада назар ба имкониятҳо каманд. Чаро?

Солҳои охир бо назардошти соҳаи афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар қарор гирифтани сайёҳӣ ба рушди ҳамаҷиҳатаи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.  Аз ҷумла, соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфт, соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар пайгирӣ аз ин иқдомҳо солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуданд. Инчунин, аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ «e-Visa» (https://www.evisa.tj), ба кор пардохт. Он ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, ки барои ворид шудан ба кишвар тавассути дархости электронӣ  - бидуни ҳозир шудан ба муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди электронӣ ба даст оранд. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони 22 кишвар ба Тоҷикистон рафтуомади бе раводид дошта, сокинони 78 давлат  бо тартиби сода ҳамаи навъҳои раводидро дастрас карда метавонанд. 
Дар пайи тадбирҳои андешидашуда соли гузашта шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон омада 2,6 маротиба афзуд. Агар соли 2017 – ум 430 ҳазору 922 сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан намуда бошад, пас ин нишондиҳанда соли гузашта ба 1 миллиону 155 ҳазор нафар расид. Дар ин давра, дар ҳудуди ҷумҳурӣ меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ аз хизматрасониҳои 170 меҳмонхона, 94 осоишгоҳу истироҳатгоҳ ва 60 гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ истифода намуданд. Соли гузашта даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ 214 миллиону 36 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 65, 2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Боиси қаноатмандист, ки дар пайи талошҳои сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва дар заминаи созишномаҳои байниҳукуматии ду кишвар ташрифи сайёҳон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон якбора хеле зиёд шуд. Мувофиқи арзёбии мутахассисони соҳа, оғоз гардидани сафари бераводид миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба муҳлати 30 рӯз  иқдоми бузург ва таърихӣ буда, на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ, балки рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва минтақа мусоидат менамояд. Тавре Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, иттилоъ дод, ки дар пайи барқарор гардидани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ соли 2018 ба кишвари мо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 700 ҳазор сайёҳ ташриф овард.
Рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сол то сол Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, дар соҳаи сайёҳӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Вале, агар ба масъалаи матраҳ ҳамаҷониба ва бо нигоҳи таҳлил назар намоем, мебинем, ки дар раванди сайёҳии воридотӣ дар кишвари мо ҳоло ҳам монеаҳо ҷой доранд.
Ба андешаи Моҳира Қодирова, дотсенти кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, яке аз монеаҳои асосӣ дар ин раванд гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо мебошад. Масалан, барои як сайёҳи амстердамӣ 1700 доллар танҳо ҷиҳати омадурафт лозим меояд, ки бо ин маблағ дар Маямии овозадор хеле хуб истироҳат кардан имконпазир аст.
Тоҷикистон барои сайёҳон кишвари ҷолиб ва ҳоло кашфнашуда мебошад ва онҳо мехоҳанд гӯшаҳои зебою марғубашро тамошо намоянд, вале гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо дар ин яке аз монеаҳои ҷиддӣ шудааст, ки зудтар бояд бартараф карда шавад.
Тибқи маълумот, дар Туркия ҳамаи инфрасохторҳое, ки аз сайёҳӣ фоида ба даст меоранд, миқдоре аз даромадро ба ҳисоби фурудгоҳҳо мегузаронанд ва арзонии нархи чиптаҳо ба ин восита ҷуброн карда мешавад. Стратегияи онҳо чунин аст, ки ба ин восита онҳо сайёҳро ба кишвар ҷалб месозанд, вақте сайёҳ ворид шуд, хоҳу нохоҳ ӯ барои будубош, хӯрок, нақлиёт ва ғайра маблағ сарф менамояд. Ин таҷрибаро метавон дар кишвари мо низ истифода бурд. Вақте шумораи сайёҳон зиёд аст, талабот ба хизматрасонӣ низ зиёд мешавад ва ин раванд маҷрои худро ёфта, сайёҳиро ба соҳаи сердаромади иқтисодиёт табдил медиҳад.
Дигар омиле, ки барои саёҳати сайёҳони хориҷии дур ба кишвари мо монеа мешавад, кам будани хатсайрҳои ҳавоию роҳиоҳанӣ мебошад. Масалан, барои ба Тоҷикистон омадани сайёҳи амстердамиро лозим меояд, ки аввал ба Париж парвоз кунад, аз он ҷо ба Москва ва баъдан ба Душанбе. Яъне, барои ба Тоҷикистон расидан бояд яку ним - ду шабонарӯзро сарфи роҳ кунад. Ҳамчунин, ҳангоми бозгашт. Ин сарфи вақт ва маблағи зиёдро талаб мекунад, ки барои сайёҳ мувофиқу қулай нест.
Ба андешаи Фариддун Ҳамроев, менеҷери ширкати сайёҳии “Панҷакент Интур”, муомилаи нодуруст дар сарҳаду фурудгоҳҳо низ сайёҳонро мегурезонад. Сайёҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз меҳмондӯстии тоҷикон гарм истиқбол намоянд ҳам, аз муомилаи дурушти баъзе сохторҳои масъул малоланд. Ғайр аз ин, бо вуҷуди ба минтақаҳои кӯҳӣ рост омадани иқтидори асосии сайёҳӣ, кам ё набудани меҳмонхонаву инфрасохтори дигари сайёҳӣ дар деҳотҷой садди дигари ташрифи сайёҳон ба кишвари мо мебошад.
Давлат Ҳабибов, раиси созмони ҷамъиятии Ассотсиатсияи шӯрои рушди туризм, мегӯяд, ки қариб тамоми сайёҳони хориҷӣ таассуроти сафари худро дар шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳо дарҷ мекунанд. Ин ҷо таҷриба ё эътирофи хизматрасонии дар Тоҷикистон ба сайёҳ пешниҳодшуда тавассути тавсияҳо ва таассуроти дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷшудаи сайёҳон низ нақши муҳим мебозад. Ва ин  маълумот бо забонҳои гуногун ба ҳамаи ҳавасмандони саёҳат дастрас аст. Агар мо ба сайёҳон хизматрасонии дурустро пешниҳод намоем, ин аллакай барои ташрифи бештари сайёҳон ба кишвари мо мусоидат менамояд.
- Соли гузашта бо истифода аз имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат беш аз 70 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт ва шумораи умумии онҳо ба 145 адад расид. Метавон гуфт, ки аз ин миқдор ширкатҳои сайёҳӣ 100 - тои онҳо мақсади дар сатҳи баланд ҳам ба сайёҳони хориҷӣ ва ҳам ба сайёҳони дохилӣ хизмат расонданро доранд, - мегӯяд Давлат Ҳабибов.
Алҳол ширкатҳои “Ором саёҳат”, “Сайру саёҳати кӯҳӣ”, “Куҳандиз”, “Ориент Адвентур”, “Бадахшон тревел”, “Боми ҷаҳон тур” дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар саҳми бештар доранд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҷумҳурии мо бештар шаҳрвандони Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Чин, Украина, Амрико, Олмон ва Молдова, ба ҳайси сайёҳ ташриф меоранд.
- Ҷалби шаҳрвандони Федератсияи Россия ба кишвар ҳамчун сайёҳ афзалияти бештар дорад, зеро онҳо бо сабабҳои гуногун ва маълум мехоҳанд ба Тоҷикистон ташриф оранд. Агар оянданигарӣ кунем, метавон гуфт, ки дар сурати паст кардани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ панҷоҳ дарсади сайёҳони хориҷӣ  аз Федератсияи Россия хоҳанд буд. 25 дарсади дигарро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд, зеро вақтҳои охир таваҷҷуҳи онҳо ба Тоҷикистон зиёд шудааст. Муносибати хуби Тоҷикистону Чин дар самтҳои муҳим низ ба ин раванд мусоидат мекунад,  - иброз дошт Моҳира Қодирова,
Маълумоти нокифоя дар бораи Тоҷикистонро низ бояд номбар кард, зеро рекламаи дурусти иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои бонуфузи ҷаҳонӣ метавонад ҳадафнок бошад. 
- Ҷиҳати боз ҳам муваффақ шудан дар ин самт мо бояд мутахассисони хуби соҳаи сайёҳӣ омода карда тавонем. Бояд ҳамкории зичи муассисаҳои олии таълимӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту сохторҳои дахлдор ба роҳ монда шавад, то мутахассисони омодакардаи ин муассисаҳо ба талаботи бозори имрӯзаи сайёҳӣ мувофиқ бошанд,  - гуфт Давлат Ҳабибов.
Ба андешаи Фариддун Ҳамроев, барои ҷалби бештари сайёҳон ба кишвари мо бояд шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Амрико ва Австралия зиёд карда шавад, зеро шаҳрвандони ин кишварҳо айни ҳол чун сайёҳони потенсиалӣ арзёбӣ мешаванд.
Дилхоҳ меҳмоне, ки ба Тоҷикистон меояд, мехоҳад табиати воқеан афсонавӣ ва анъанаҳои қадимаи моро бинад, тавре гуфтем, дар ин самт чораҳо меандешанд. Таҳияи қонуну қабули стратегияву барнома ва дигар тадбирҳои зарурии  Ҳукумати мамлакат, назири имтиёзҳо барои ширкатҳои сайёҳӣ, бунёду навсозии инфрасохтори сайёҳӣ ва содагардонии раванди ҳуқуқии ташриф ба Тоҷикистон, ҳароина, ба афзоиши шавқу ҳаваси сайёҳон барои тамошои кишвари мо мувофиқат мекунанд. Вале ин нукта хеле муҳим аст, ки ба меҳмонон аксаран маҳз бахши хусусӣ хизмат мерасонад. Барои дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани  хизматрасонӣ ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ хеле муҳим аст.
Имкониятҳои рушди индустрияи сайёҳии кишвар бузурганд. Ва рафъи монеаҳои мавҷуда, роҳандозии шаклҳои сифатан наву муосири хизматрасонӣ,  ҷустуҷӯи тадбирҳои дигари  ҷалби сайёҳон барои муваффақ шудан дар ин соҳаи сердаромади иқтисоди миллӣ ва ба кишвари сайёҳон табдил додани Тоҷикистон омилҳои асосианд. 
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2019    №: 82    Мутолиа карданд: 282

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед