logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. РОҲ МУШКИЛИ РАҚАМИ ЯК

Вақте шунидам, ки соҳибкори маҳаллӣ, ҷавонмарди саховатпеша Диловар Муҳиддинов дар деҳоти «Ғайрат» таъмири роҳро анҷом додаву мактабу таваллудхона сохтааст, сарам ба осмон расид. Чунин амалҳои ояндасози ҷавонмардони бонангу номус, ки имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Ватани маҳбубамон роҳандозӣ мешаванд, бешак шоистаи таҳсин аст.
Бале, аслан, Фархорро бо чашми мо – сокинонаш бояд дид. Диёре, ки гулгаштро мемонад, бахусус дар айёми баҳор чунон сабзпӯш аст, ки гӯё Наврӯз қабои идона ба бар карда бошад.

…Вале дигарон мебинанд, хеле хуб ва бо чашми сар мебинанд, ки ноободиҳои ин диёри замоне обод афзудан дорад. Бахусус, аз вайрониҳои роҳҳояш шиква мекунанд. Мегӯянд, ки роҳҳои Фархор обод нашуд, ки нашуд. Ва дуруст  ҳам мегӯянд, зеро худи мардум  низ аз ин мушкил солҳост, ки азият мекашанд ва бо дард онро «модарпроблема» мегӯянд. Яъне, проблемае, ки чандин мушкили дигарро тавлид мекунад. Масалан, сокинони деҳаи Ваҳдат, ки беш аз ҳазор нафаранд, роҳҳои ноободро аз сангинтарин мушкилоти худ медонанд.
Бино ба гуфтаи Умеда Бутаева, онҳо чандин сол боз ба ин мушкил рӯ ба рӯанд. Дар ҳоле ки деҳа то ба ҳол бунгоҳи тиббӣ надораду беморонро то маркази ноҳия - қариб 30 километр «бо илоҷе» мерасонанд, харобии роҳ мушкили рақами 1-и сокинони ин деҳа боқӣ мемонад. Зеро, маҳз аз набудани роҳи ҳамвор, ронандагони такси низ аксар маврид аз омадан ба ин деҳа саркашӣ мекунанд. Аз ин рӯ, маҷбурем, ки ҳангоми зарурат 8 километр роҳро пиёда тай намуда, ба манзил расем.
- Дар ҳақиқат роҳҳои  маҳаллӣ  мушкилиҳои зиёд доранд,- мегӯяд Ҷамшед Эгамқулов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Фархор.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои ободонӣ, аз ҷумла вобаста ба таъмири роҳҳо, шурӯъ шудаанд.
- Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  бо маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ таъмири роҳҳо, хобондани лӯлаҳо ва кабудизоркунӣ дар роҳи Гулистон –  Фархор анҷом дода шуд. Аз ҳисоби соҳибкорон низ беш аз 100  километр роҳҳои ҳудуди деҳаҳо бо маблағи 3 миллиону 661 ҳазор сомонӣ сангфарш гардид. Умедворем, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳое, ки сангфарш гардиданд, дар ояндаи наздик мумфарш шуда, мушкилоти сокинонро ҳал месозанд,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо. 
Воқеан, агар жарфтар андеша намоем, ҳақ бар ҷониби сокинони маҳаллист, ки набудани роҳҳои ободро дар ноҳия «модарпроблема» мегӯянд. Зеро имрӯз дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми гӯшаҳои Ватан маъракаи ободонӣ бо суръат идома дошта, беш аз пеш сафи ҷавонмардони саховатпеша меафзояд. Аз баракати дасти онҳо биноҳои наву замонавӣ қомат афрохтаву роҳу пулҳои бешумор таъмиру бунёд меёбанд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки барои муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои мамлакат заминаи зарурӣ фароҳам оварда шавад, ки фоли нек аст. Фархор бошад, бо вуҷуди мавзеъҳои гуногуни таърихиву фарҳангиаш, ки нодиртаринашон Золи Зар, Майдапатта, Шоҳи Аҳтамҷон, Макони Морон ва Чилтанҷону Шӯртеппаанд, то ҳол аз ҷониби сайёҳону меҳмонон кашф нашудааст. Валангор будани роҳҳои марказӣ ва ҳам дохилӣ яке аз сабабҳои асосӣ, балки монеаест дар роҳи рушди сайёҳӣ дар ин минтақа. Ва барҳақ модарпроблемаест, ки бо вуҷуди борҳо расонаӣ шудан, масъулон ба дарки он нарасидаву ҳалли худро наёфтааст.
Шамсулло Салимзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон низ бо тасдиқ гуфт, ки сабаби асосии таваҷҷуҳи кам доштани сайёҳон ба ноҳияи Фархор мавҷуд набудани инфрасохтори зарурӣ мебошад. То ҳол дар бораи мавзеъҳои аҷиби таърихиву сайёҳии он  дар сомонаҳои интернетӣ маълумоте нест. Пас, чӣ гуна сайёҳон дар бораи онҳо иттилоъ пайдо кунанд?!  Хуб мешуд, ки, пеш аз ҳама, сомонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъол шуда, дар бораи чунин мавзеъҳои  нодир маводи гуногун нашр намояд. Набудани ишораҳои сарироҳӣ оид ба мавзеъҳо ва меҳмонхонаву осорхонаҳо аз мушкилоти дигари сайёҳон аст, ки таваҷҷуҳ мехоҳад.
Воқеан, дуруст мегӯянд, Фархор бо он ки миёни ду дарё - Панҷ ва Сурхоб ҷойгир аст, табиати нотакрор дорад. Оби шифобахши дарёҳояш хусусияти табобатӣ дораду барои бунёди истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои замонавӣ табиатан мувофиқ аст. Агар роҳҳо ободу маконҳои истироҳативу табобатӣ бунёд гарданд, барои мардум шароити хуби зиндагӣ ва барои меҳмонон бошад, муҳити созгори фароғату истироҳат муҳайё мешавад. Ҳамин тавр не?
Ё масъулон андешаи дигар доранд?
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2019    №: 82    Мутолиа карданд: 230

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед