logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. АЗ ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ ДАВЛАТӢ ТО ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ

Дар даврони навини таърихӣ Федератсияи Россия аз ҷумлаи аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 8 апрели соли 1992 робитаҳои дипломатӣ байни ду кишвар барқарор шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия аз решаҳои амиқи таърихӣ сарчашма гирифта, ҳанӯз аз давраҳои қадим, халқҳои тоҷику рус байни ҳам робитаҳои наздики тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доштанд.

Моҳи майи соли 1992 Сафорати Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфта, 17 июли ҳамон сол сафири нахустини Россия М. И. Сенкевич фаъолияти дипломатии худро дар Тоҷикистон оғоз намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, моҳи декабри соли 1993 намояндагии худро ба сафорат табдил дод ва Р. Мирзоев сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия таъйин гардид.
Бояд зикр кард, ки Шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ, ки 25 майи соли 1993 дар Москва ба имзо расидааст, заминаи асосии муносибатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро ташкил медиҳад, ки аз санаи имзои ин санади муҳим 25 сол сипарӣ мешавад.
Аз соли 1992 то 2017 байни Тоҷикистону Россия беш аз 230 созишномаи байни-давлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст. Муносибатҳои ду кишвар аз оғози истиқлолият инкишофи пайгирона дошта, амалан тамоми соҳаҳои ҳаёт: сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат, ҳарбӣ – техникӣ, гуманитарӣ, молияву қарз, энергетика, мудофиаи шаҳрвандӣ, илму фарҳанг, маориф ва ғайраро дар бар мегиранд.
Робитаҳои ду кишвар ба усулҳои эътимоду боварӣ, ҳусни тафоҳум ва шарики озмудашуда асос ёфта, сатҳи робитаҳои давлатӣ пеш аз ҳама натиҷаи муколама ва машваратҳои доимии роҳбарони сиёсӣ аст. Сарони ҳар ду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои давлатӣ, корӣ дар форумҳои байналмилалӣ мулоқот карда, вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамта табодули назар менамоянд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 1999 ба Россия ба муносибатҳои шарикии стратегии ду мамлакат таҳкурсии мустаҳкам гузошт. Дар ҷараёни сафари расмӣ ду санади хеле муҳим – «Аҳднома дар бораи ҳамкориҳои ҳамиттиҳодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба асри ХХI нигаронидашуда» ва «Аҳднома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. То ба ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ягон давлати хориҷӣ чунин аҳдномаҳоро имзо накарда буд. Имзои чунин аҳдномаҳои шарикии стратегӣ аз сатҳи баланди эътимоду боварӣ миёни сарони ҳар ду кишвар ва аз таҷрибаи амалияи ҳамзистии даврони нави пасошӯравӣ бармехест, ки чанд омил дошт:
Аввалан, ин наздикии ҷуғрофӣ, умумияти таърихии халқҳои тоҷику рус, ки на танҳо 70 соли ҳаёти якҷояи онҳоро дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар бар мегирад, балки таърихи аз он ҳам қадимтареро низ дорад. Минтақаи Осиёи Миёна ба системаи геополитикии Россия ҳанӯз дар асри 19 ворид гардидааст. Ҳамин тариқ, дар тӯли ду аср умумияти халқи ду кишвар ташаккул ёфта, нишонаҳои он дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва маданӣ ба назар мерасад.
Дувум, забони русӣ, маданияти рус дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии халқи тоҷик нақши муҳим мебозад ва тавассути он мо ба тамаддуни ҷаҳонӣ наздик шудем. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар кишвари мо забони русӣ ҳамчун забони расмии муоширати байналмилалӣ қабул шудааст.
Сеюм, омили ҳарбӣ - сиёсӣ; Россия ҳамчун кафили сулҳу суботи минтақа дар муқобили таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир монеаи асосӣ ба шумор меравад.
Чаҳорум, Федератсияи Россия кишварест, ки дар истиқрори сулҳу субот ва хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид.
Панҷум, марзи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа марзи ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Россия низ мебошад.
Шашум, зарурати ҷустуҷӯи якҷояи ҳалли самараноки як қатор мушкилиҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.
Ин ва дигар омилҳо боиси ба шарикии стратегӣ табдил ёфтани робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия гардиданд.
Аз оғози даврони истиқлолият Россия ба воқеаҳо ва муқовиматҳои  сиёсии Тоҷикистон, воқеъбинона баҳо дода, оқибатҳои фоҷиабори онро барои миллати тоҷик ва амнияти минтақа дарк мекард. Ин кишвари абарқудрат дар қатори дигар кишварҳо ташаббускори даъват намудани музокироти байни тоҷикон буд. Бисёр рамзист, ки музокироти сулҳи байни тоҷикон 5 апрели соли 1994 маҳз дар шаҳри Москва оғоз ёфта, 27 июни соли 1997 дар ҳамон ҷо ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба охир расид. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки саҳми Россия дар пойдории сулҳ дар Тоҷикистон хеле калон аст.
Дар таҳкими муносибатҳои иттиҳодиву шарикӣ, тақвият ва рушди робитаҳои дуҷониба нақши пешбарандаро муносибатҳои сарони давлатҳо мебозанд. Намунаи барҷастаи чунин муносибатҳо ташриф ва сафарҳои расмӣ ва давлатии онҳо ба кишварҳои якдигар аст. Ин сафарҳо хусусияти доимӣ гирифта, аксаран бо натиҷаҳои дилхоҳ анҷом меёбанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели 2001, июни 2004, июли 2007, октябри 2007, августи 2013, феврали 2014 ба Россия сафарҳои расмӣ анҷом доданд. Сафарҳои Президенти Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1999, июли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, августи 2008, сентябри 2011, октябри 2012 сурат гирифтанд. Ин сафарҳо ва ташрифот ҳам аз нигоҳи фосилавӣ ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво хеле беназир буда, аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстона гувоҳӣ медиҳанд.
Намунаи барҷастаи таҳкими муносибатҳои шарикии байни ду кишвар ташрифи расмии Президенти Россия В. Путин ба Тоҷикистон 5 октябри 2012 ба ҳисоб меравад, ки дар ҷараёни он санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ, энергетика, расондани маводи нафтӣ ва вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират имзо гардиданд. Соли 2013 ҷиҳати татбиқи ин санадҳо созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо гардиданд, ки тибқи он ба маҳсулоти нафтии аз Россия ба Тоҷикистон воридшаванда нархи имтиёзнок муқаррар шуд.
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия 16 - 17 апрели соли ҷорӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар заминаҳои боз ҳам мусоидтар фароҳам овард. Зеро имзои 16 санади нави ҳамкорӣ дар ҷараёни ин сафар ба вусъати ҳамкориҳои шарикии стратегӣ такони нав бахшиданд.
Ё. НИЁЗӢ,  Н. МИРЗОЕВ,
кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё
ва Аврупои  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2019    №: 82    Мутолиа карданд: 371
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед