logo

сиёсат

 ТОҶИКИСТОН. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАВСЕА МЕЁБАД

(Ё СИЛӢ БА РӮИ НОТАВОНБИНОН)
Манзур аз тамаркуз намудани камина ба ин мулоқот бозгӯӣ намудани моҳияти он аст, ки силӣ ба рӯи нотавонбинон маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавам, ки  чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки алъон ягона макон барои сафсатапарокании нотавонбинони миллат (наҳзатиҳои террорист ва думравонашон)  боқӣ мондааст, бобати сафарҳои хориҷии Пешвои миллат, хоса ба кишварҳои аврупоӣ, андешаҳои муғризона баён шуда буд. 
Муҳим, ҷолиб ва рамзӣ аст, ки чанд рӯз пас, дар заминаи мулоқоти дар оғози матлаб зикршуда туҳмати навбатии наҳзатиҳои террорист хунсо гардид. Зеро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан - Батист Лемуан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Франсия Эммануэл Макрон ҷиҳати анҷом додани боздид аз ин кишварро супурд.
Дар навбати худ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин паёмро боз як нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти Франсия ба масъалаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамёрии ду кишвар арзёбӣ карданд.
Наҳзатиҳои террорист нодида вонамуд мекунанд, вале далелҳо ҳокианд, ки равобиту ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соири кишварҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ, бахшҳои хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, ҷонибдории ташаббус ва тадбирҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, бахусус оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои обӣ ва мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, дар сатҳи хубу сифати баланд рушд ёфта истодааст.
Хуб дар хотир дорам, ки қаблан наҳзатиҳои террорист  дар сомонаашон   сафари Пешвои миллатро ба Япония “таҳлил” карда буданд.
Ин дар ҳолест, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Япония бо шукӯҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд. Бахусус, мулоқоти самимӣ ва пазироиву гусели бошукӯҳу сатҳи баланди Пешвои миллат аз ҷониби  Императори Япония, ки дар умури давлатдории ҷопониҳо  падидаи камназир маҳсуб мешавад, бояд боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.
Бегуфтугӯ, ин палидон, ки зиндагиномаашон ба ғайр аз фисқу фуҷур, ҷинояту иғвоангезӣ чизи дигаре надорад, ба обрӯву нуфузи рӯзафзуни Пешвои миллат ҳасуди ноҷавонмардона доранд.
Аз ҷониби дигар, хулосаҳои беасоси ин “аллома” - ҳо, ки марзи иттилорасониро дағалона убур намудаву ба фаъолияту шахсияти нафаре, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, дасти таарруз дароз намудаанд, набояд бе посух монад. Чунки бадгӯӣ нисбат ба Пешвои миллат, ки дар маҷмӯъ, таҳқири  миллат маҳсуб меёбад, бояд посухи сазовор дошта бошад.
     
Ҷасур МИРЗОЗОДА,
коршиноси Маркази таҳлиливу иттилоотии “Аҷам”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.05.2019    №: 84    Мутолиа карданд: 427
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед