Хабарҳо
ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ
Regnum.ru Ҳама кор дар кони урани Қизиломпули Қирғизистон қатъ карда шуд, - гуфт ноиби сарвазири кишвар Кубатбек Боронов дар ҷаласаи парламент.
Зимни баррасии масъала, аксари вакилон ба хотири роҳ надодан ба фоҷиаи экологӣ, ба истеҳсоли уран зид баромаданд.
Дар натиҷа, парламент дар бораи манъи коркард ва истеҳсоли конҳои уран дар ҳудуди кишвар қарор қабул намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 876