logo

Хабарҳо

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунёду навсозии 276 иншоот пешбинӣ шудааст. Соли гузашта сохтмону таъмири 39 иншооти ҷашнӣ ба итмом расид. Айни ҳол корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд.
Тавре Муҳаммадулло Шерализода, раиси ноҳия, иброз дошт, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша сохтмону таъмири иншооти зиёди ҷашнӣ, аз қабили кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммом, таъмири роҳ ва пулҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзиш, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ тарҳрезӣ шудааст.
- Сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Суғдиён ва Чинор, маркази тиҷоратӣ ва толори варзиш дар деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, мағозаи тиҷоратӣ, бунгоҳи тиббӣ ва боғчаи кӯдакона дар деҳоти Лучоб, толори варзиш ва мағозаи тиҷоратӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмалик аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, корҳо мувофиқи нақша идома до-ранд. Сохтмони беморхонаи марказӣ дар деҳоти Варзоб - Қалъа ва биноҳои маъмурии зерсохторҳои Вазорати корҳои до-хилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст идома дорад, - гуфт М. Шерализода.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба ноҳия, аз ҷониби соҳибкорон сохтмони минтақаҳои исти-роҳатӣ дар деҳоти Чорбоғ ва Варзоб - Қалъа оғоз гардидааст. ҶСП «Фароз» 12 километр роҳи автомобилгарди Такоб - Сафеддараро асфалтпӯш намуд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 241

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед