logo

Хабарҳо

 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси саҳеҳи унсурҳои элементҳои нодир ва нодирзаминиро бо истифода аз таҷрибаи озмоишгоҳҳои Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба гео-логия ва захираҳои минералӣ ба роҳ мемонад.
Ин нукта зимни ҷаласаи якуми кумитаи муштарак, ки таҳти роҳбарии муовини сардори Саридораи геоло-гияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода ва сардори раёсати илм ва инноватсияи Ку-митаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ Қодирҷон Мингбоев дар шаҳри Хуҷанд зикр гардид.
Дар ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти мубодилаи иттилоот, омӯзиш ва тадқиқоти мушт-араки илмии ҳодисаҳои хавфноки экзогенӣ, аз ҷумла муайян намудани сабабҳои пайдоиш ва ташаккули ярчҳо, ташкили гурӯҳҳо барои тадқиқоти саҳроӣ дар минтақаҳои пайдоиши равандҳои экзогенӣ, гузарондани омӯзиши геологӣ  дар майдонҳои маъдании металлҳои нодир ва нодирзаминӣ ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдо-шта ҳамкориро ба роҳ монанд.
Барои иҷрои самараноки корҳои пешбинишуда қарор қабул шуд, ки вохӯриҳои кумитаи муштарак оид ба ҳамкорӣ на кам аз ду бор дар як сол баргузор карда шаванд ва тарафҳо дар самтҳои баррасишуда гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, номзадии мутахассисонро барои шомил намудан ба гурӯҳҳои корӣ пешниҳод намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 285

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед