logo

иҷтимоиёт

 ТЕРРОРИ ОЛИМИ НОМВАР

Ё Юсуф Исҳоқиро кӣ кушт?
 
Ҳанӯз 6 майи соли 1996, соати 16:20 дақиқа, бо супориши роҳбарияти ТТЭ ҲНИ олими шинохта, доктори илми тиб, профессор, академик, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии ИҶШС, ходими хизматнишондодаи илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи  Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Юсуф Исҳоқӣ аз ҷониби Раҳмон Сангинов (Раҳмон - гитлер) бераҳмона кушта шуд.
Юсуф Исҳоқӣ 21 июли соли 1932 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 1947 - 1948, дар курси тайёрии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (факултаи таърих) таҳсил карда буд. Соли 1948 ҳамчун донишҷӯ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд ва соли 1954 бомуваффақият онро хатм намуда, то ба мартабаи ректори ҳамин донишгоҳ расид.
Номбурда солҳои 1954 - 1957 ҳамчун ординатори беморхонаи клиникии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синои Тоҷикистон кор кард. Соли 1958 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулую бинӣ» ҳимоя намуд. Солҳои 1958 - 1960 ассистенти кафедраи оториноларингология ва соли 1960 унвони дотсентиро ба даст овард.
Солҳои 1960 - 1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии № 4, дотсенти кафедраи оториноларингология буд. Табиби ҳозиқ Ю. Исҳоқӣ соли 1962 ба Арабистони Саудӣ, Миср, Лубнон ҳамчун пизишк (духтур) ҳоҷиёнро ҳамроҳӣ кардааст. Барои давом додани кори илмии худ солҳои 1964 - 1968 докторант, ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии гӯшу гулу ва бинии шаҳри Москва  фаъолият бурдааст. Ӯ соли 1968 дар мавзӯи «Кистаи роҳҳои болои нафас» - рисолаи докториро дифоъ кард. Олими забардасти тоҷик ҳамчун вакил ва маърӯзачӣ дар Анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Ереван иштирок намуда, аъзои садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт.
Ю. Исҳоқӣ солҳои 1968 - 1969 дотсенти кафедраи оториноларингология ва солҳои 1969 - 1973 ноиби  ректор оид ба қисми таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буд. Соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ гардида, бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонда шуд. Ҳамчун олими варзидаи тиб соли 1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОР - и  шӯравӣ дар конфронси байналмилалӣ ба ҳайси вакил ширкат намуд.
Ин олими пуркору табиби ҳозиқ соли 1973 ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таъйин гардида, дар фосилаи умри бобаракати хеш зиёда аз 300 асари илмӣ, мақолаҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон паём медиҳанд. Нахустин академики илми тибби тоҷик, муаллифи бисёр таълифоти илмӣ, аз ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методӣ аст. “Ядовитые животные» (1964), «Яд змеи гюрзы» (1968), «Кисты верхних дыхательных путей» (1973), «Аллергия в оториноларингологии» (1980), «Детская оториноларингология» (1977, 1984, 2003), «Дыхательные пути и высокогорье» (1989), «Очерки истории медицины Таджикистана» (1993), «Руководство по оториноларингологии» (1994, 1997), «Лекции по иммунологии и аллергологии» (1996), «Лекции по ЛОР - болезням» (1996), «История медицины Таджикистана» (1997) аз ҷумлаи асарҳои шинохтаву мондагори Ю. Исҳоқӣ мебошанд. Китоби “Оторинолорингология” - и ӯ китоби рӯйимизии тамоми табибони ин соҳаи дунёст.
Асарҳои Ю. Исҳоқӣ дорои аҳамияти калони илмию амалӣ буда, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешаванд. Таҳти роҳбарии илмии ӯ 13 нафар аспирант рисолаи номзадӣ ва 2 нафар кормандони калони илмӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Тӯли қариб 40 сол ба донишҷӯён дарс дода, машғулиятҳои лексионию амалӣ ва лабароториявӣ - амалӣ гузарондааст. Фаъолияти босамари сарварии Юсуф Исҳоқӣ буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар байни  зиёда аз 880 муассисаҳои олии собиқ шӯравӣ ҷойгоҳи баланд дошт.
Истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани хунравӣ; этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи кистаи роҳҳои болои нафас; ихтилои қобилияти гузаронандагии рагҳои хунгузар ва дар ҷавфи назди бинӣ пайдо шудани киста, аз ҷумлаи тадқиқотҳои пурарзиши илмии Ю. Исҳоқӣ ба шумор мераванд.
Ҷарроҳи номвари тоҷик аз соли 1974 узви садорати Ҷамъияти алоқаи дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, узви Шӯрои ректорони мактабҳои олии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустии ИҶШС ва муҳаррири маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон» буд. Ӯ соли 1975 ҳамчун роҳбари намояндагони ЛОР - и ИҶШС ба Булғория сафар кардааст ва бо медали тиллоии Ҷамъияти дӯстии «Булғория -ИҶШС» мукофотонда шудааст. Солҳои 1975 - 1986 масъулияти раисии Шӯрои махсусгардондашудаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба уҳда дошт. Ҳамчунин, аз соли 1976 аъзои шӯрои илмӣ оид ба проблемаи «Оториноларинология» - и Академияи улуми ИҶШС буд. Ю. Исҳоқӣ барои натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо ордени Ленин сарфароз гардидааст. Соли 1977 ҳамчун вакили табибони ЛОР - и ИҶШС дар шаҳри Небраскаи иёлати Кентукии ИМА дар Конфронси илмии байналмилалӣ иштирок намуда, дар он ҷо ҷарроҳии намунавӣ гузаронда, ба унвони шаҳрванди фахрии Небраска сазовор гардидааст. Гузашта аз ин, Ю. Исҳоқӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии СССР» мукофотонда шудааст.
Мавсуф солҳои 1987 - 1989 ҳамчун узви Кумитаи ташкилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Қонун дар бораи забони давлатӣ» бисёр корҳои судманди ташвиқотӣ анҷом дода, дар қабули қонуни мазкур саҳми арзанда гузошта аст. Донишманди тоҷик дар ин солҳо, ҳамзамон, вазифаи пурмасъулияти раиси Комиссияи доимии Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳои ИҶШС оид ба проблемаи «Патологияи узвҳои болоии нафас» - ро иҷро мекард ва дар як вақт раиси Комиссияи доимии проблемавии «Патологияи узвҳои болоии нафас» - и Академияи фанҳои тиббии ИҶШС низ буд.
Ёдовар мешавем, ки Юсуф Исҳоқӣ соли 1961 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, соли 1973 бо медали «Дусадсолагии Институти тиббии якуми шаҳри Маскав ба номи И. М. Сеченов» мукофотонда шуд. Соли 1979 дар соҳаи илм ва техника бо мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сарфароз гардид. Ҳукумати вақти Тоҷикистон хизматҳои шоистаи олими номварро дар соҳаҳои таълим, тарбия ва илм ба инобат гирифта, соли 1989 бо унвони давлатии Арбоби хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ кард ва пас аз марг ба ӯ нишони “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон”  дода шуд.
Сад афсӯс, ки чунин шахсияти барҷаста ва чеҳраи тобони илми тибби тоҷик 6 майи соли 1996 ҳамроҳи ноиби ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Минҳоҷ Ғуломов  бераҳмона кушта шуд. Фоҷиаи куштори табибон ва олимони забардаст мардуми кишварро сахт андуҳгин намуд. Ин ҳама қатлу кушторҳо ба таври силсилавӣ рӯи кор омада, ба ҳамдигар пайвандӣ ва шабоҳате доранд ва, албатта, усули фаъолияти бадхоҳони наҳзатӣ дар онҳо бармало маълум мебошад. Анҷом додани чунин амалҳои ваҳшатангез андешаи бевоситаи роҳбарияти ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ  буда, ба хотири гумроҳсозии мардум ва дар муқобили Ҳукумати вақт шӯрондани аҳолӣ роҳандозӣ шуда буданд. Зеро ҳар яке аз ин чеҳраҳои саршиноси кишвар дар самти фаъолияти худ пешрафтаву таъсиргузор буданд ва сухани онон метавонист мардумро аз майдоннишинӣ, душманӣ ба якдигар, тафриқаандозӣ нигоҳ дорад.
Юсуф Исҳоқӣ, ифтихори мардуми мо буда,  яке аз олимони сермаҳсули соҳаи тиб ба ҳисоб мерафт, дар инкишофи соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ва тарбияи насли нави духтурон саҳми беандоза калон гузоштааст.  Бо ин корнамоиҳои бемислаш хотираи неки устод Юсуф Исҳоқӣ ҳамеша дар дилу дидаи мардуми кишвар ҷой гирифта, номаш доимо вирди забонҳост.
Қобилҷон ҚОБИЛОВ, 
муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии  ДДТТ
ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.2019    №: 85    Мутолиа карданд: 330

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед