logo

сиёсат

 ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРҶАСТАТАРИН ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ - ИДЕАЛ БАРОИ ҶАВОНОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат  қарор дошт. Паёми нахустинашон дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16 -  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, садо дод, ки мақсадаш сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Мардуми кишвар суханони таърихии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ  намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.  Он  замон  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бениҳоят рӯзҳои сахту душвори даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳо боиси  хисороти  зиёди  моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллат таҳдид  мекарданд. Вале, 16-уми ноябри  соли 1992  ба решаи ташнаи ин миллат оби ҳаёт расид. Раиси нави Шӯрои Олӣ мардумро сарҷамъ мекарданд, биё, Ватан  хонаи  шумост  гуфта,  ҳарф мезаданд. Чи  қадар мушкилу  хатарнок  буданд  он солҳо. Бо вуҷуди нооромиҳо, бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати  фавқулода  кишвари  азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат бурун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан  баргардонданд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо обод гаштанд, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо сохта шуданд.    
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошанд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосаро сазовор гашт. Бузургтарин дастоварди мо, пеш аз ҳама, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Сулҳ ба барқарорсозии иқтисодиёт замина гузошт. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон эътироф намуд. Тӯли 27 сол Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки ояндаи  кишвар дар дасти ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд босаводу бофарҳанг бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Мо - ҷавонон дастуру супоришҳои Пешвои муаззамро сидқан ба ҷо оварда, дар рушди кишвари азизамон  нақши  босазо  мегузорем.
 
Шарафҷон АЛЛАНАЗАРОВ,
магистранти Донишкадаи идоракунии
давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.2019    №: 85    Мутолиа карданд: 689
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед