logo

сиёсат

 ДАР МОҲИ РАМАЗОН ОЛИҲИММАТӢ МЕБОЯД

Дар ҳошияи табрикоти Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Дар табрикоти имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон чунин таъкид гардидааст: "Яъне, рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад. Мардуми мусулмони мо дар ин моҳи муборак ба аёдати падару модарон ва беморону камбизоатҳо мераванд, ба ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд кумак мерасонанд, то ки бо чунин аъмоли хайрхоҳона соҳиби савоби бештар гарданд".
Воқеан, ба хотири гиромидошти боварҳо ва дарёфти хушнудии Офаридгор ҳамаи мусулмонон, бахусус шахсони тавонманд, олиҳимматӣ зоҳир ва ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд, амалҳои инсондӯстона ва худоҷӯёна анҷом медиҳанд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд, то касеро наранҷонанду озор надиҳанд, балки бо ҳар роҳу васила пирону барҷомондагон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Бешубҳа, чунин рафтор боиси тақвияти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, одамият ва раҳму шафқат дар байни шаҳрвандон ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад.
Аз ин ҷиҳат, тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фароизи ин моҳ ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом ғанимат шумурдани фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандӣ ба ниёзмандонро дучанд месозад. Дар рӯзгори мо додани ҳама гуна садақот дар ин моҳ, бешубҳа, яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дӯстию муҳаббат дар байни қишри мусулмонони ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд ҳама гуна садақаи худро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд. 
Дар иртибот ба ҳамин масъала, Пешвои миллат дар табрикоти имсолаашон бисёр ба маврид таъкид карданд:  "Дар ояти 60 сураи “Тавба” ба таври равшану возеҳ ба кадом табақаи одамон додани садақа баён шудааст. Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад. Дар ин раванд, бояд донист, ки ҳама гуна рафтори хусусияти зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва исрофкоридошта ҳеҷ маънӣ надорад".
Воқеан, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғиби ғояҳои пешқадами демократию инсондӯстӣ тақозо менамояд, ки дар матни ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии кишвари азизамон нофаҳмиҳо, каҷравиҳо ва азхудкуниҳои нодуруст дар муомила бо маблағҳои садақа ба танзим дароварда шавад.     
Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷӯӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60).
Хушбахтона, дар шароити кунунии ҷомеаи шаҳрвандии мо доир ба масъалаи баҳогузорӣ ба арзишҳои динӣ, дар пояи фарҳангсолории суннатӣ ҷобаҷогузорӣ ва ба манфиатҳои миллию амниятии давлати ҷавони Тоҷикистон сафарбар намудани онҳо ҳолати созгори маънавӣ  падид омадааст. Мардуми мусулмони кишвар падидаи номатлуби ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба мазҳабҳои бегонаро дуруст фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки ин қабил рафторҳо ба фарҳангу давлатдории миллӣ зиён мерасонад. Акнун роҳбарияту раият бар ин андеша бо ҳам омадаанд, ки хамирмояи равонӣ ва маънавии миллиро, инчунин, ваҳдати эътиқодии миллат низ ташаккул медиҳад. Ҳар қавме, ки ваҳдати эътиқодӣ надошта бошад, ҳанӯз ба дараҷаи миллат ташаккул ёфтани он зери шубҳа меафтад. Ва ҳар миллате, ки афроди он дар баробари бегонагон ваҳдати эътиқодии худро ҳифз карда наметавонад, мавҷудияти худро сахт зери хатар мегузорад.
Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки Пешвои муаззами миллат ҳар моҳи Рамазон ба ятимону барҷомондагон дасти кумак расонда, суннати мондагори мазҳаби ҳанафии ниёгони пурифтихорамонро идома мебахшанд. Беҳтар он аст, ки ҳамаи мо ҳам ҳиммат бар ояндаи фаровону дурахшон бигуморем ва имрӯз хайру садақоти худро холисона ба бародарону хоҳарон ва хешони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон бирасонем, то хушнудию ризомандии Худованд насибамон гардад.  
 
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2019    №: 91    Мутолиа карданд: 376
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед