logo

ҳуқуқ

 БОСМАЧӢ ВА БОСМАЧИГАРӢ АЗ НИГОҲИ УСТОД АЙНӢ

Яке аз мавзӯъҳое, ки вақтҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст, масъалаи босмачӣ ва босмачигарӣ аст, ки бо гузашти тақрибан 90 сол аз шикасти ин ҳаракати иртиҷоӣ, дубора иддае меҳоҳанд он гурӯҳи ғоратгарро истиқлолталаб муаррифӣ намоянд.
Устод Садриддин Айнӣ, ки шоҳиди воқеоти аввали асри 20 дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд, таҳаввули вазъиятро дар минтақа ва чӣ гуна созмон ёфтани гурӯҳҳои мухталифро хуб дарк намуда, ҳанӯз дар ибтидои замони шаклгириашон нисбат ба онҳо фикру ақидаи хешро баён намудааст. Аз ҷумла, дар бораи босмачиён ва чӣ гуна шакл гирифтани ҳаракати босмачигарӣ ҳанӯз соли 1921 дар 3 шумораи рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» бо имзои Сим Мим мақолаҳои устод Айнӣ таҳти унвонҳои «Босмачиёни Фарғона кистанд?» (№83, 22.08.1921), «Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд кард?» (№84, 1.09.1921), «Дуздӣ ва ғоратгарӣ дар Самарқанд» (№85,12.09.1921) ба нашр расидаанд.
Дар мақолаи аввал устод Айнӣ сурату сирати босмачиён ва омилу сабабҳои пайдоиш ва шаклгирии онҳоро ошкоро баён менамояд. Ҳарчанд мақола кӯтоҳ аст, ба аксар суоле, ки то имрӯз мавриди баҳсанд, ҷавоби муъҷаз ва қонеъкунанда пешниҳод менамояд.  Қабл аз оне, ки хулосаҳои хешро дар мавриди навиштаи мазкур баён созем, зарур мешуморем онро ба андак ихтисор биёварем, то матлаб пурра равшан шавад:
 «Маълум аст, ки яке аз масоили муҳимаи Ҷумҳурияти Туркистон, ки имрӯз дар навбат гузоштааст, дафъи босмачиёни Фарғона аст. Мо аз он пеш, ки дар тариқи дафъи онҳо фикри оҷизонаамонро арз кунем, лозим аст, ки ба хонандагони гиромӣ қадре аз таърихи пайдо шудан ва аз аҳволи эшон шарҳ намоем.
Фарғона дар аҳди куҳна низ дар Туркистон марказ ва манбаи босмачиён ба шумор мерафт. Азбаски Фарғона қитъаи ободтарини Туркистон, маҳали пахта ва мавқеи абрешим буд, мустамликон ва рибохорони яҳуд дар он ҷо гирд омада, ҳама сарват ва сомони он қитъаи ҷаннатишонро аз заминҳои ҳосилхезаш ба дасти худ дароварда, аҳолии аслиро ба муздурӣ ва ғуломӣ гузоштанд. Табиӣ, ин ҳол сабаби бекории як қисми аҳолӣ шуда, бекорӣ боиси бадахлоқӣ ва дуздӣ гардида, аз ин ҳол ҳамеша босмачигӣ ва моли якеро чопидан шурӯъ ёфта буд.
Касрати шаробхона ва фаҳшхона машҳуринаш (чунончи фаҳшхонаи сим) дар Фарғона барои ифсоду итлофи ахлоқ ва моли мардум таъсис ёфта буд, як дараҷа ба бисёр шудани дузд ва босмачӣ сабаб гардида буд.
Аҳвол бад - ин минвол буд, ки инқилоб дар Русия воқеъ шуда, баъд аз инқилоби Уктабр як қисми мухториятхоҳон дар Фарғона ҳукумати мухторе таъсис карда, муҳофизаи шаҳрро ба дасти Эргаш ном, ки яке аз сархелони дуздони машҳур буд, супурд. Эргаш ба атрофи худ аксари ҷавонони дуздро гирд оварда, фикри истибдод ва иҷрои шарорати коминаи худ буд, ки мухторияти Хуқанд зеру забар шуда, Эргаш бо як қисми нукарони худ ба нуҳоли Хуқанд баромада, ба касбу кори собиқи худ, ки иборат аз дуздӣ ва яғмогарӣ буд, машҳур гардид. Ҳадси собит (ҳисси тахминӣ), ҳаминро нишон медиҳад, ки агар фаразан мухторият давом ҳам мекард, Эргаш ба он ҳукумат низ содиқ намемонд.
Дар аввали ваҳла азбаски ҳукумати шӯроӣ дар Фарғонаи заиф, бинобар фоҷиаи мухторият ташкилотҳо нотавон буд, ташкилоти Эргаш қувват гирифта, асоса ва дабдабааш афзуд.
Ҳангоме ки дар Фарғона ҳукумати шӯроӣ таъсис ёфта, ин кор ба кайфи баъзе муллоён ва эшонони муфтхӯр, мустамликон ва муҳоҷирони рус бархӯрд, инҳо ба ташкилоти босмачиён ҳамроҳӣ карда, эшонро ҳомии дин ё ки мухториятхоҳ ё ки меншевик ба қалам дода, аз қувваи эшон истифода карданӣ шуданд.
Бо ин ҳама  босмачиён на ҳомии дин ва на мухто-риятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд. Ҳамин аст, ки эшон аз аҳди Эргаш ва Муҳаммадаминбек то имрӯз ба ҳамдигар ҳамчашмӣ ва рақобат карда, миёни худ муҳориба ва пайкор доранд. Инчунин, эшон ягон амри шариатро зоҳиран ҳам бошад, риоя накарда ҳамеша ҷавонони амрат ва занону дӯшизаи мардумро ба зӯру тааддӣ ба атроф ҷамъ карда, ирзу номуси фуқароро помол ва сомонашонро бераҳмона тороҷ менамоянд. Пас, маълум шуд, ки эшон дуздони одӣ буданд...».
Аз навиштаи устод Айнӣ метавон ба чанд хулоса расид:
1. Босмачиён гурӯҳҳои дуздон ва ғоратгаронеанд, ки ҳанӯз қабл аз инқилоб дар минтақаи Фарғона вуҷуд доштаанд, пешаи асосии онҳо дуздӣ буд ва аз лиҳози адаб ҳеҷ арзиши баланди ахлоқиро доро набуданд. Онҳо ба фасоду фаҳш гирифтор буданд. Мафҳуми «босмачӣ» дар фаҳмиши устод Айнӣ ба мафҳуми «дузд» баробар аст.
2. Пас аз инқилоб ин гурӯҳи дуздон аз вазъи нобасомон истифода карда, гурӯҳҳои худро таъсис доданд ва ба ғоратгарии мардум шурӯъ намуданд.
3. Устод Айнӣ алайҳи онҳое, ки имрӯз мехоҳанд босмачиро ҳомии дину оину истиқлолталаб муаррифӣ намоянд, ҳанӯз дар ҳамон соли 1921 онҳоро на ҳомии дин, на мухториятхоҳ, балки, пеш аз ҳама, дузд, ғаддор ва яғмогару хунхор ба қалам медиҳад.
4. Устод Айнӣ мутмаин аст, ки дар байни босмачиён идеяи истиқлолиятхоҳӣ, умуман, вуҷуд надошт.
5. Босмачӣ дузд ва бадахлоқест, ки ҳеҷ ягон амри шариатро ҳатто зоҳиран ҳам риоя намекард ва бо амалҳои фосиқи худ шармандаву рӯсиёҳ шудааст.
 
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2019    №: 95    Мутолиа карданд: 166

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед