logo

иҷтимоиёт

 НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК: САФИ ЗАНОНИ СОҲИБШУҒЛ МЕАФЗОЯД


Бонувон, баробари иҷрои рисолати модарии хеш, дар ташаккули ҷомеаи муосир, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг нақши муассир мегузоранд. Онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи арзандаро соҳибанд.
Дар ноҳияи Темурмалик баҳри беҳбудии шароити занон тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омада, барои баланд бардоштани мақому манзалати онҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Аз 68 ҳазору 600 нафар аҳолии ноҳия 34518 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бино ба иттилои Гавҳарбӣ Мирзошоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, саҳми занон барои пешрафти самтҳои мухталифи хоҷагии халқ назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 317, тандурустӣ 365, соҳибкориву савдо 100 ва кишоварзӣ 558 нафар самаранок фаъолият карда истодаанд. 37 зан роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, дар маҷмӯъ, 75 нафар  дар мансабҳои роҳбарикунандаи ноҳия адои вазифа менамоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ин бо шуғл фаро гирифтани занон мебошад. Ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия соли гузашта 1525 шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 521 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад. Дар натиҷаи тадбирандешӣ 336 нафар бо ҷои кори доимӣ, 72 нафар мавсимӣ, 15 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 230 нафар ба касбомӯзӣ ва 26 зан тавассути квота бо кор таъмин шуд.
Дар ноҳия ҷиҳати мусоидат намудан ба масъалаи шуғлнокӣ маркази таълимии калонсолон фаъолият дорад. Соли пешин аз тарафи марказ 410 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши асосҳои компютер, муҳосибӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Дар маркази хизматрасонии “Меҳри модар” – и Ҷамоати деҳоти Кангурт зиёда аз 150 нафар ва дар маркази хизматрасонии “Гулдастон” - и шаҳраки Совет 35 нафар бонувони хонашин бо ҷои кори доимӣ таъминанд. Дар маркази ҷавонони ноҳия 60 нафар соҳиби сертификат гардида, айни замон 15 нафар занону духтарони бешуғл ҳунарҳои дӯзандагию адрасбофиро омӯхта истодаанд.
Инчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Совет гармхонаи лимӯпарварӣ ва корхонаи мевахушккунӣ ба кор даромаданд, ки дар онҳо 6 нафар зани хонашин соҳиби ҷойи коранд. Маркази ҳунарҳои мардумии деҳаи Танобчиро чанде пеш 30 зан хатм намуд. Рӯзҳои наздик дар деҳаи Танобчӣ боз курсҳои омӯзиши хунарҳои чакандӯзӣ, бофандагӣ ва қуроқдӯзӣ оғоз мегардад.
- Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия бо занону бонувони маркази шаҳраку деҳаҳо робитаи қавӣ дошта, барои боло бурдани сатҳи маърифат, беҳгардии шароити зиндагӣ ва бартараф шудани мушкилоташон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои омӯзишӣ ва ташвиқотиву тарғиботиро роҳандозӣ менамояд, - афзуд Гавҳарбӣ Мирзошоева.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2019    №: 96    Мутолиа карданд: 121

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед