logo

сиёсат

 ТОҶИКИСТОН КИШВАРҲОИ ОЛАМРО ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ МУТТАҲИД МЕСОЗАД


Ташкил ва баргузории Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» дар шаҳри Душанбе бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанг дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ муаррифӣ намуд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 16-17 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе намояндагони беш аз 50 кишвари олам, коршиносону таҳлилгарони 37 созмони минтақавию байналмилалӣ роҳу шеваҳои муосири мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баҳсу баррасӣ намуданд. Бозтоби густурдаи ин ҳамоиши сатҳи баланд дар расонаҳои гуногун ва бонуфузи олам далели таваҷҷуҳи амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои башардӯстонаи кишвари мизбон мебошад. Қобили зикр аст, ки ҷараёни нишаст аз ҷониби 200 хабарнигори ватанию хориҷӣ пайгирӣ ва дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ қарор дода шуд.
Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси сатҳи баланд аз дидгоҳи аксари таҳлилгарону хабарнигорон нуқтаи меҳварии ин нишаст арзёбӣ гардид. Суханронии Сарвари давлат аз он ҷиҳат мавриди истиқболи гарми иштирокчиён ва таваҷҷуҳи зиёди доираҳои таҳлилӣ гардид, ки дар он  роҳу шеваҳои муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ, муттаҳиддии давлатҳо ва сарфи назар намудан аз усули сиёсати «меъёрҳои дугона» дар муносибат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дақиқан матраҳ гардид. Пешвои миллат бо ишора ба тавсеаи амалҳои тахрибкорона ва рахнасозии фазои амниятии як қатор кишварҳо аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ таъкид бар он доштанд, ки муқовимати самаранок ба таҳдидҳои муосири амниятӣ танҳо тавассути талошҳои муштараку ҳамоҳангшуда ва татбиқи чораҳои муназзам натиҷа ба бор хоҳад овард. Зимнан, ба роҳ мондани иқдомоти амалгароёна дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил амри зарурӣ дониста шуд.
Таҳлилгарону коршиносон аз шаш қитъаи олам имкон доштанд, ки зимни баргузории ҷаласаҳои умумӣ ва тахассусии конфронс дар фазои озоду мувофиқе масоили гуногуни вобаста ба мавзӯи ҳамоишро ошкоро баҳсу баррасӣ намоянд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки нишасти мазкур идомаи раванди Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез» аст, ки моҳи майи соли 2018 баргузор гардида, инак ташаббуси дувуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар мубориза бо ин вабои аср мебошад.
Владимир Воронков, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз талошҳои пайваста ва мавқеи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо терроризму экстремизм тавсиф намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ, яке аз кишварҳои фаъолу пешоҳанг дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб аст. Ӯ бо қаноатмандӣ аз сатҳи баланди тадорукот ва ташкили кори конфронс ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуд: «Дар чунин сатҳ доир намудани конфронс як муваффақияти мутлақ ба шумор меравад. Мавзӯи терроризм ҳанӯз актуалӣ буда, нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар он хеле назаррас аст. Ин кишвари ташаббускор соли дувум аст, ки чунин амали башардӯстонаро роҳандозӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва экстремизм даъват менамояд, ки хеле сутуданӣ аст». 
Муовини Дабири кулли СММ аз шеваҳои мубориза бо терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозпас овардани шаҳрвандони гумроҳшуда ба Ватан ситоиш карда, ташаббуси инсондӯстонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баргардондани 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқро барои дигар кишварҳо намунаи ибрат хонд.
Владимир Норов, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай изҳор дошт, ки ҳамоиши мазкур бо вижагиҳои худ аз дигар нишасту анҷуманҳо фарқ хоҳад кард. «Ҷаноби Президент дар суханронии худ, роҳу усулҳои муассиру муайяни муқовиматро пешниҳод карданд, ки бояд тамоми доираҳои дахлдор аз он истифода кунанд. Конфронси Душанбе моро ҳушдор медиҳад, ки дар самти мубориза бо терроризму экстремизм минбаъд амалгаро бошем».
Воқеан, қисми аъзами иштирокчиёни ҳамоиш зимни суханрониҳои худ дар ҷаласаҳои умумиву тахассусӣ таъкид карданд, ки бо назардошти афзоиши таҳдиду хатарҳо, бояд муборизаи воқеӣ алайҳи терроризму экстремизм, сарчашмаҳои маблағгузории он ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир оғоз шавад. Зеро, ба андешаи аксари коршиносон манфиатҷӯӣ зимни мубориза бо ин зуҳурот, ки намунаи он борҳо мушоҳида шудааст, баръакс ба паҳн гардидани домони терроризму ифротгароӣ мусоидат намудааст.
Ба андешаи Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷуд будани сарҳади тӯлонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳассосияти мубориза бо терроризмро барои Тоҷикистон бештар намудааст. Зеро гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар, ҳамоно дар ҳоли фаъолшавӣ қарор дошта, ячейкаҳои «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар мустақар шуданд. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, танҳо мушкили Тоҷикистон ё кишварҳои минтақа набуда, бояд тамоми кишварҳои аъзои СММ дар бораи он биандешанд. Зеро бино ба таъкиди ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон террорист ватану миллат надорад ва ҳадду сарҳадеро намешиносад. Файзулло Баротзода мегӯяд, ки «дар сиёсати байналмилалӣ набояд фаромӯш созанд, ки гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо вуҷуди шикаст дар хоки Сурияву Ироқ ҳанӯз аз байн нарафтааст. Ва дар оянда хавфи муттаҳидшавӣ ва афзоиши таҳдидҳо аз ҷониби ин гурӯҳи ҳоло пароканда вуҷуд дорад».
Педро Серано, муовини Котиби генералии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар қисми хотимавии нишасти сатҳи баланд изҳор дошт, ки тавофуқоти ҳосилшудаи ин ҳамоиши бузург дар ояндаи наздик корсозу натиҷаовар хоҳад буд. «Албатта, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар чунин сатҳи баланд доир намудани ҳамоиш нақши калон дорад ва мо метавонем онро раванди душанбегии мубориза бо терроризм ном барем».
Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» бо қабули Эъломияи Душанбе ба поён расид. Дар ин ҳуҷҷат, аз ҷумла таъкид мешавад, ки «масъулияти асосӣ дар пешгирӣ, мубориза бо амалҳои террористӣ ва пешгирии суиистифодаи низомҳои молиявӣ барои мақсадҳои террористӣ бар дӯши ҳукуматҳо буда, ҳамаи давлатҳо бояд ҳамкории байналмилалиро мутобиқи уҳдадориҳои худ дар чаҳорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намоянд».
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2019    №: 96    Мутолиа карданд: 213
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед