logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАРКАЗИ ИДОРАКУНИИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ  таъмин гардидааст.
Аснои шиносоӣ, иброз гардид, ки Маркази идоракунии сарҳади давлатӣ аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ дар ин ҷо шароити муосиру техникаи насли нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.
Мутахассисони соҳа Роҳбари давлатро бо фаъолияти марказ аз наздик шинос намуда, роҷеъ ба истифодабарии технологияи муосир ва усули кории он маълумот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки фароҳамсозии шароити мазкур имконият дод, ки минбаъд гурӯҳи навбатдорон шабонарӯзӣ аз ҳамин ҷо тартиби ташкили муҳофизати сарҳад аз ҷониби сардорони ҷузъу томҳо ва тартиби пешбурди хизмати назоратчиёни сарҳадиро дар саросари Тоҷикистон назорат намуда, дар ҳолати зарурӣ ба тартиби муҳофизати сарҳад тағйирот ворид намоянд.
Ҳамчунин, Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои нуқтаи махсуси алоқа буда, барои қабул  ва фиристодани ахбори радиоӣ ва телефонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар марказ радиостансияҳо ба самтҳо тақсимбандӣ гардида, ҳар як самт дар шабакаҳои алоҳида фаъолият менамояд. Дар баробари хати муқаррарии барқӣ, тамоми таҷҳизот ва воситаҳои алоқа  барои фаъолияти доимӣ бо панелҳои офтобӣ низ таъмин гардидаанд. Бо истифода аз фаъолияти марказ, ҳамкорӣ байни сохторҳои қудратӣ ба воситаи шабакаи алоҳидаи радиоӣ ва телефонӣ ба роҳ монда шудааст. Қобили тазаккур аст, ки, феълан, дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷҷатгузории электронӣ ба воситаи радиостансияҳои кӯтоҳмавҷ ба роҳ монда шуда, тамоми отрядҳои сарҳадиву дидбонгоҳҳо имконият доранд, ки тариқи  харитаи электронӣ наряди сарҳадии худро назорат намоянд.
Сарвари давлат, инчунин, бо корбарии Нуқтаи фармондиҳии марказ  шинос шуда, мустақиман ҳисоботи роҳбарону намояндагони Қӯшунҳои сарҳадиро  аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гӯш карданд.   Нуқтаи фармондиҳӣ бо техникаи муосири корӣ, воситаи махсуси алоқа ва хати тезсуръати интернет таъмин буда, бо истифода аз ин имконот метавон бо сарфаи вақт ҳолатҳои баамаломадаро аз марказ мустақиман  назорат ва ҳаллу фасл намуд. Иттилоъ дода шуд, ки тамоми маълумоти ҷамъовардашуда хаттӣ ё дар шакли электронӣ ба Нуқтаи фармондиҳӣ барои коркарду қабули қарор ворид карда мешавад.
Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои толорҳои варзиш, утоқҳои корӣ ва хобгоҳ буда, барои такмили маҳорати касбӣ дар дохили он синфхонаи тирпарронии электронӣ ташкил гардидааст. Синфхона дар асоси барномаи махсуси компютерӣ фаъолият намуда, он бо дастгоҳҳои лазерӣ ва дигар аёниятҳои корӣ таъмин мебошад. Бо истифода аз ин имконият, ҳайати дастгоҳи марказӣ метавонад, ки  малакаи тирпарронӣ ва маҳорати худро санҷида ба ин васила, такмил диҳад.
Толорҳои  варзиши марказ низ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки барои машқу тамрини бадан пешбинӣ гардидаанд, таъмин мебошад.
Дар маҷмӯъ, Маркази идоракунии сарҳади давлатӣ барои идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, бо назардошти стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз кормандони ин ниҳод даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва иҷрои масъулияти бардӯшдоштаашон ҳушёру далер ва чусту чолок бошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2019    №: 101    Мутолиа карданд: 305
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед