logo

сиёсат

БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИИ ХОҶАГИҲОИ ЁРИРАСОНИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ

Дар идомаи боздиди корӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт» - и сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи кишти тирамоҳии маҳсулот соли 2018 дар масоҳати умумии 215 гектар замин пиёзу картошкаи баҳорӣ ва ҷаву гандум кошта шуд. Баҳори имсол бошад, кишту парвариши кадуву лаблабу, караму сабзӣ, пиёзу картошкаи тирамоҳӣ ва дигар сабзавот дар масоҳати 114 гектар гузаронда шуд. Имрӯзҳо хоҷагиҳои ёрирасони сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Лахш, Ховалинг, Рӯшон, Ишкошим ва Кӯҳистони Мастчоҳ амал мекунанд, ки дар онҳо истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳи мазкур масъулони бахши кишоварзии Қӯшунҳои сарҳадиро вазифадор намуданд, ки ба хотири таъминоти босифати сарбозон бо хӯроки серғизои аз лиҳози экологӣ тоза тадбирҳои иловагӣ андешида, кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро дуруст ба роҳ монанд.
Гуфта шуд, ки аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасон давоми 5 моҳи соли 2019 ба андозаи зиёда аз 318 ҳазор сомонӣ маҳсулот, ба монанди шалғам, турб, карам, шалғамча (редиска), сабзаҷот, пиёз, шир, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол карда шудааст. Ҳамчунин, дар тобеияти сохтори зикршудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ чорвои калону майда - асп, мурғ, харгӯш, занбӯри асал ва намудҳои гуногуни паранда парвариш меёбанд.
Сатҳи баргузории намоишгоҳ собит кард, ки неруҳои марзбонии кишвар дар баробари ҳифзи марзу буми давлатӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин, дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузорӣ доранд. Хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари таъминоти пурраи хӯроки сарҳадчиён аз тарафи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини марзбонон бо номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ саҳми шоиста мегузорад.
 Дар идомаи сафар Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашти техникаву таҷҳизот ва мошинҳои зиреҳпӯши ҷангиро дар Маркази таълимии «Пойтахт» назорат карданд. Дар ин гузашт номгӯи зиёди мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии муосир ба намоиш гузошта шуданд. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути қитъаи шартии хати сарҳади давлатӣ сурат гирифт. Тавре маълум гардид, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи сохторҳои ҳарбӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ва ҷузъу томҳои он бо техникаву таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин гардида, қувваи мудофиавии неруҳои марзбонӣ таҳким ёфтааст ва ин сохтор ба мактаби пурқудрати шуҷоату мардонагӣ мубаддал гардидааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2019    №: 101    Мутолиа карданд: 310
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед