logo

иҷтимоиёт

КУРУШ ВА БУНЁДИ МАРЗҲО

Куруш, ба қавли М.М.Дяконов, аз барҷастатарин чеҳраи давраи бостон ва нахустин шоҳаншоҳоне буд, ки марзбониро дар саросари кишвари паҳновараш таъсис дод. Ӯ шаҳрҳои фатҳнопазир ва дижу манорҳои дидбониро дар ҳимояи мамлакат муҳим медонист. Дар пойи манору бурҷҳо аспҳои чолоку тезтак бо чопорҳо нигоҳ дошта мешуданд. Онҳо хабари оҷилро аз як нуқтаи нигаҳбонӣ ба дигараш дар фосилаи кӯтоҳ мерасонданд. Дар ҳолатҳои муқаррарӣ шабона чароғу фонус ва дар сурати ҳамлаи душман дар дидгоҳ оташ меафрӯхтанд.

Кабӯтарон низ ҳамчун номарасон истифода мешуданд. Сардорони бурҷ ва дижҳои канориро аркапат (сардори диж, қалъа) меномиданд.
Аз ин овон шаҳрҳои Бохтар ё Зариаспа, Аорн, Драпсаки ё Дарапса ва Кариата дар Бохтар ва Мароқанд, Киропол, Кеснип дар Суғд ёд мешаванд, ки деворҳои баланд ва аз берун хандақ доштанд.
Ҳимоятгари сарзамин сипоҳиёни (спада) муназзам аз пиёдагардон ва саворагон буданд. Бо сабаби он, ки лашкариёнро қавму қабилаҳои гуногун ташкил медод, либосу афзори ҷангӣ яксон набуд. Афсарон либоси дучинаи остиндор, камзули арғувонӣ, шалвор ва кулоҳи намадӣ мепӯшиданд. Инро дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед метавон тахсис кард.
Ҷузву томҳоро даҳа, сада, гурдон, ҳанг, ҳазора ва бевара ташкил медод, ки аз даҳ то 10 ҳазор нафарро дар бар мегирифтанд.
Ба қавли солноманигорони юнонӣ Куруш марзбони кишвари паҳновараш буд. Ҳеҷ кадом аз шоҳони кишвари ҳамсоя ҷуръати бо ӯ рақобат карданро надошт. Дар сипоҳаш ҳамдилӣ ва эътимод барои пирӯзӣ тантана мекард. Куруш пеш аз муҳориба бо сарбозон суҳбат ва дар ҷанг ширкат меварзид. Бино ба навиштаи Олбарт Шондур ҳамрикобон бо силоҳе ба ҷанг медаромаданд, ки Куруш аз он дошт. Фарқ ҳамин буд, ки шамшери Куруш зарандуд буд ва барқ мезад.
Барои баланд бардоштани рӯҳияи ҷанговарон бо онҳо вомехӯрд. Чуноне қабл аз пайкор бо Лидия Куруш ба ҷанговарон гуфт: «Ман мехоҳам ёдовар шавам, ки бояд тақвиятбахши иродаамон дар пирӯз шудан бар душман бошем. Шумо озмудатар аз рақибон ҳастед…  вале онҳо омодаанд, ки ба ёрони худ кумак кунанд. Шумо низ бояд ба ҳам эътимод дошта бошед, якдилу якҳадаф биҷангед. Ҳатто, агар як нафар худро аз маърака дур бикашад, боиси шикаст мешавад…».
Куруш достонҳои қаҳрамонӣ ва паҳлавониро дӯст медошт. Сарчашмаҳо бар онанд, ки «дар зодрӯзи Куруш бо овозу соз достонҳо сароида мешуданд. Ва ба ҳангоми ҷанг Куруш дастур медод, ки суруди ҷангӣ хонда ва шайпур навохта шавад».
Барои Куруш, менависад Ксенофонт, тарсу ҳарос ва коре, ки иҷрояш даст намедод, вуҷуд надошт. Пайваста меҷуст, ба мушоҳида мегирифт ва меомӯхт. Ӯ дар «Киропедия» Курушро намуна медонист ва корномаашро барои парвариши фарзандони юнонӣ тавсия медод ва истифода мекард.
Ксенофонт Курушро марди хушсурат, доно ва далер тасвир мекунад. Аз осори ҳамон даврон вомондааст, ки «Он подшоҳи бузургро, ки ба зебоии як Худо буд», мардум ба тамошо мебаромаданд. 
Куруш ва ворисонаш барои юнониён намунаи ибрат буд. Аз ин рӯ, аврупоиён С.Леви, Ренар ва А.Шапот таъкид кардаанд, ки «Таърихи Искандар як таърихи порсӣ аст, ки идомаи он даврони ҳелленистӣ ё тамаддуни юнонӣ мебошад».
Ҷонибеки АСРОРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2019    №: 101    Мутолиа карданд: 111

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед