logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

Чуноне маълум аст, эмгузаронӣ яке аз усулҳои беҳтарини пешгирии бемориҳои сироятӣ буда, ба дастгирии сиҳатии омма равона шудааст. Вобаста ба ин, нимаи аввали моҳи майи соли равон дар ҷумҳурӣ байни кӯдакони аз 1 то 9 сола бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон иммунизатсияи иловагӣ гузаронда шуд.

 Бино ба иттилои Умаралӣ Сафаров, директори маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Данғара, эмгузаронӣ дар ин ҷо, мисли тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бар зидди 10 намуд бемории сироятӣ, аз ҷумла фалаҷ, сил, сурхча, гепатити В, кабудсулфа, гулӯзиндонак, гулафшон, гемофемияи навъи В, кузоз ва шикамравии шадид гузаронда шуд.
- Аз ҳама муҳим он аст, ки волидон бояд худашон ба муҳимияти ин амал сарфаҳм раванд. Бо ин мақсад пеш аз гузарондани иммунизатсия табибон ва ҳамшираҳои тиббии минтақавӣ бо падару модарони кӯдакон дар бораи бемориҳои тавассути эмгузаронӣ идорашаванда ва ваксинаҳо суҳбат гузаронданд.
Кӯдак низ бояд дар муҳлати муайяншуда эм кунонда шавад. Организми онҳо қодир аст, ки тамоми ваксинаҳои мувофиқи иммунизатсия пешбинишударо қабул намояд. Бинобар ин, тамоми овозаҳо вобаста ба хатарнок будани баъзе ваксинаҳо ва оқибати нохушашон дар ҳолатҳои алоҳида нодуруст мебошанд, - иброз дошт номзади илмҳои тиб Умаралӣ Сафаров.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара низ эмгузаронӣ ба тариқи сӯзандору, инчунин, қатрачаконӣ ба даҳон ва бинӣ гузаронда шуд. Эмгузаронӣ дар ҳуҷраҳои махсуси иммунизатсионӣ ташкил шуда, аз ҷониби ваксинаторони ботаҷриба амалӣ гаштанд, зеро дар хона гузарондани иммунизатсия қатъиян манъ буда, хатарнок низ мебошад.
Бо ин мақсад барои ҳар кӯдак сӯзандоруи алоҳида истифода бурда шуд. Тамоми маводи доруворӣ аз Хазинаи байналмилалии кӯдакони ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаггузорӣ гардида, раванди эмгузаронӣ барои аҳолӣ ройгон сурат гирифт.
Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Данғара, ки дар амалӣ намудани барномаи мазкур масъул мебошад, бо мақсади  таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ фаъолияти 61 муассисаи профилактикии ноҳияро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Дар ин муассисаҳо 27 720 кӯдак ба иммунизатсия фаро гирифта шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар сол иммунизатсия ҳаёти ҳазорҳо кӯдакро аз бемориҳои сироятшаванда раҳоӣ бахшида, онҳоро аз фавт муҳофизат ва маҷруҳиро пешгирӣ менамояд. Бинобар ин, волидонро мебояд, ки аз ин иқдоми хайрхоҳонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳравар гардида, кӯдакони худро сари вақт эмгузаронӣ намоянд. Зеро пешгирӣ аз табобат осонтар мебошад.
Холназар КАСИРОВ,  «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2019    №: 101    Мутолиа карданд: 129

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед