logo

сиёсат

АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ТАФАККУРИ ДУНЯВӢ

Таҷрибаи башарӣ собит кардааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми тоҷику форс ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва сиёсат дуруст карда, дар арсаи тамаддуни башарӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

Муҳимтар аз ҳама, тафаккури дунявӣ, ки ду асри ахир ба сифати ҷаҳонбинии фарогир дар ҷомеаи муосир овозадор шудааст, реша дар биниши миллии мардуми мо доштааст. Биниши миллӣ, ки бар мабнои бовару эътиқодоти гузаштагони мо созмон ёфтааст, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ мусоидат намудааст. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири бостонӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд. Барои намуна, метавон аз устураи Ҷамшед ба масобаи мафкураи давлатдории миллӣ ёдовар шуд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хати марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед чарх мезанад ва асотири қадимаи бумӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ на фарри паёмбарӣ, балки фарри шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ талаққӣ карда, дар татбиқи он калидғоя кӯшидааст. Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҷамшедӣ пуштувонаи асосии низоми давлатдории дунявӣ маҳсуб меёбад.
Дар бовардоштҳои куҳани миллӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ масъалаи давлатсозӣ (манзур давлатсозии миллию дунявӣ аст) ва ҳамиштирокии мардум дар рушди сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании кишвар матраҳ гардидааст. Мувофиқи бовардовариҳои гузаштаи миллӣ, низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ дар асоси мафҳум ва мақула - категорияҳои ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад.
Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд ва биниши дунявӣ дар низоми давлатдорӣ татбиқ мегардад. Аз ин ҷост, ки бар асоси ормонҳои миллӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар (Эъломияи ҳуқуқи башар) аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом  ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 милодӣ, пас аз гузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд.
Баъди суқути давлати Сосониён, ки меросбари аслии империяи Ҳахоманишӣ буд, тайи дусад сол сиёсат ва фарҳанги миллӣ «давраи сукут» - ро аз сар мегузаронд. Пас аз ҷаҳду талошҳо хонадонҳои миллӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ ворид гардиданд ва давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён рӯйи кор омаданд. Махсусан, дар замони салтанати Сомониён, тадриҷан, сиёсати миллӣ бар пояи фарҳанги дунявӣ дар ҷомеа нуфуз пайдо кард. Дар ин давра забони миллӣ, ки пойдевори сиёсату фарҳанги бумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад - ин тариқ биниши дунявӣ дар бастагӣ бо тафаккури миллӣ машруият касб кард. Афзун бар ин, дар қаламрави давлати Сомониён доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину сиёсат ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт, маҳдуд  гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нӯҳи Сомонӣ ( 961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид.
Маҳз дар даврони Сомониён мардум дар фазои дунявият ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карданро таҷриба намуданд. Биниши миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо тафаккуроти дунявӣ дар қолаби офаридаҳои адабӣ-бадеӣ, ҳунарӣ ва фалсафии адибону донишмандони замони Сомонӣ зуҳур кард ва мардум ба муҳит ва фазои солими озодиҳои динӣ - имонӣ одат намуд.
Тафаккури дунявӣ имрӯз дар шакли истилоҳи дунявият («секуляризм») фаҳмида мешавад. «Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ; дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; севум, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин тариқ, секуляризм ё дунявият падида ва чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан ва аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад.
Ин ҷо бо истилоҳи «диният» (клерикализм) мувоҷеҳ мегардем. Диният ва ё клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ далолат карда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро ифода менамояд, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад), моҳиятан дар муқобили секуляризм қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ намепазирад ва сатҳи ҳузуру нуфузи онро дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ зарур намедонад. Давлат ва ҳукумати дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару маобид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дунбол мекунад. Аксари мардуми кишварҳои Ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ – дунявӣ умр ба сар мебаранд. Ҷомеаҳои аврупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.
Имрӯз ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият ва тафаккури дунявӣ дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад.
Хушбахтона, давлати миллии мо бо такя ба мероси сиёсию фарҳангии гузашта роҳи давлатдории дунявиро интихоб карда, дар ин масир қадам бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи ояндаи неку дурахшон ҳаракат мекунад. Ба сухани дигар, тафаккури дунявӣ, ки дар низоми давлатдории дунявӣ рушд мекунад,  тафаккури кушоду боз аст ва он ба ҳар навъ андеша ва мафкура эҳтиром мегузорад, вале таҳмили андеша ва фишори ақидатиро қабул надорад. Дар тасаввури инсони дунявӣ ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ - мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст.
Масъалаи муносибат ва робитаи ҳукумат бо виҷдони озод ба унвони стратегияи сиёсӣ дар низоми давлатдории дунявӣ хидмат мекунад. Дар давлати дунявӣ майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа меёбад, то афроди ҷомеа ба масоили фикрӣ, сиёсӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мунсифона бархӯрд карда тавонанд. Ҳар қадар дар ҷомеа тафаккури дунявӣ реша давонад,  ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият меёбад.
Ато ҲАМДАМ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 498
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед