logo

номаҳо

АГАР ИСРОФ НАКУНЕМ...

Инак, дар арафаи иди Рамазон қарор дорем. Вуҷуди касро дар баробари шодию фараҳ гоҳо ташвиш низ фаро мегирад. Албатта, аз боло рафтани нархи заруртарин маводҳои ғизоӣ. Ҳамасола бо фарорасии ин моҳи шариф ва ду иди исломӣ тоҷирон нархҳоро бе асос, ба хотири ба даст овардани даромади муфт боло мебаранд. Ҷойи таассуфи бештар он аст, ки баъдҳо онро поён намефуроранд. Ин чӣ гуна мусулмонӣ мебошад? Аз ҳисоби маблағҳои бадастовардаашон садақа ҳам медиҳанд. Ҳол он ки чунин «садақаҳо» муҳол аст, ки қабули даргоҳи Ҳақ бишаванд.
Дар табрикоти имсолаи рамазонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарки бештару беҳтари масъала аз ҳадиси паёмбар ёдовар шуданд: «Ҳар кӣ нархро арзон карда, мардумро ба худ ҷалб менамояд, ризқаш афзун мешавад. Ва ҳар кӣ нархро боло мебарад, ӯ шармсор мегардад».
Ба ростӣ, худи мо ҳам дар осиёби ин қишр дидаву дониста об мерезем ва барои  гардишаш саҳм мегирем. Аз меъёр зиёд навъҳои гуногуни маводҳои ғизоии гаронарзишро низ мехарем ва дастархони идонаамонро оро медиҳему шукӯҳ мебахшем. Ҳол он ки аксари ин маводҳо пас аз рӯзе вайрон мегарданду онҳоро истеъмол карда намешавад. Ба зоҳирпарастӣ, харҷҳои беҳуда бояд хотима бибахшем. Қонуни танзим ва дигар дастурҳо моро вазифадор месозанд, ки дастархони идонаамон хоксорона бошад ва маблағҳои сарфашударо дар корҳои муҳимтар сарф бинамоем.
Сарвари давлат дар табрикоти имсолаи рамазонӣ барои ҳидояту дарки бештари масъала аз сураи «Исро»-и Қуръони маҷид мисол меоранд: «Ва ҳеҷ гоҳ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст».
Ҳамин тавр, бояд ҳеҷ гоҳ исроф накунем. Дар ин сурат, яъне агар исроф нанамоем, Худовандро хушнуд месозем ва то ҷое монеи даромадҳои муфти тоҷирони қиматфурӯш мегардем.
Ҷ. АМИРХОНОВ, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 288

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед