иҷтимоиёт
ЛАХШ. САФИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати ҷалби занону духтарон ба хизмат дар сохторҳои давлатӣ диққати махсус медиҳад. Аз ҷумла, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби духтарон, ҷалби онҳо ба корҳои идоракунӣ, бештар намудани теъдоди занону духтарон дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доранд.
Тавре мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Фарида Абдуҷалилова зимни суҳбат бо мо иброз дошт: «Айни ҳол дар ноҳия 64 бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамояд. Фаъолияти занони ноҳия дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф назаррас аст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 364 нафар ба омӯзгорӣ машғуланд. Аз ин теъдод 137 нафар соҳиби таҳсилоти олӣ мебошад.
Дар соҳаи тандурустӣ 320 нафар ва фарҳанг 28 нафар фаъолият доранд. Сафи онҳо аз ҳисоби мутахассисони ҷавон рӯз аз рӯз афзуда истодааст.
Ҳамасола даҳҳо нафар духтарони ноҳия тибқи Квотаи президентӣ соҳиби маълумоти олӣ гардида истодаанд. Айни ҳол шумораи умумии донишҷӯдухтарони ноҳия 283 нафар аст, ки 71 нафари онҳо тибқи квота дар макотиби олии кишвар ва берун аз он таҳсил доранд.
Имрӯз мо метавонем шумораи зиёди бонувонеро номбар намоем, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Лахш кору фаъолият намуда, дар пешравӣ ва рушду нумуи он саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Аз ҷумла, Сайлӣ Раҳмонова, Зуурақан Давлаталиева, Хосият Холбоева, Савлат Зулпуқаарова, Тоту Шодиева, Турғун Пирбиева, Мамлакат Ҳайдарова, Нина Нурматова, Бурма Абдуллоева, Гулбубу Сағиналиева, Тиллохон Динорова, Баргигул Наботова, Сабоҳат Холова, Баргигул Аббосова, Сайрам Насриддинова, Гулпочо Ҷӯрабекова, Татяна Боронова дар зинаҳои гуногуни мансабҳои хизмати давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ кору фаъолият намуда, баҳри пешравию рушди ноҳия хизмати софдилона намудаанд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.05.2019 №: 102 Мутолиа карданд: 187