logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Дар ноҳияи Данғара барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ тайи чор моҳи соли равон чор ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд.

- Дар навбати аввал сарбозоне, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргаштаанд, бо ҷойи кор ва кумакпулӣ таъмин гардиданд. Инчунин, дар соҳаҳои гуногун ба 12 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ 45 ҳазору 800 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд, - гуфт Салимҷон Нуралиев, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия.
Дар ин давра аз 625 шаҳрванде, ки ба шуъба барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат намуд, 325 кас дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо  кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид. Талаботи бозори меҳнат ва номгӯйи корҳои ҷамъиятӣ омӯхта, дар асоси шартномаи тарафайн 47 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуд. Аз ҳисоби оилаҳои серфарзанд 10 нафар дар беморхонаи марказии ноҳия кори доимӣ пайдо намуд.
Дар баробари ин, бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби духтарону бонувон ва ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва дар оянда бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 182 нафар ба омӯзиши барномаҳои компютер, ҳунарҳои гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ ва кафшергари барқӣ ҷалб шуданд.
Хайринисо Кароматова, омӯзгори филиали ноҳиявии муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», гуфт, ки дар курсҳои кӯтоҳмуддати марказ бештар занону духтарони хонашин ҳунаромӯзӣ мекунанд.
- Дар ин курсҳо мехоҳам ҳунарҳои шерозабофӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзию чакандӯзӣ, қолинбофӣ ва ҳунарҳои дигарро омӯхта, соҳиби шуғли доимӣ шавам, ҳамчунин, нозукиҳои онро ба дигарон омӯзонда, ҳамчун ҳунарманди моҳир соҳиби эътибор бошам, - мегӯяд Сайёҳат Маҳмадавлатова, сокини Ҷамоати деҳоти Корез.
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 282

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед